Борсеркунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Борсеркунӣ — раванди коркарди кимиёию ҳароратӣ, сер гардондани сатҳи филиззу хӯлаҳо бо унсури бор ва дар вақти гармкунӣ ва дар муҳити фаъоли кимиёӣ нигоҳ доштан.

Борсеркуниро бо мақсади зиёд намудани сахтӣ, гармитобоварӣ ва ба хӯрдашавӣ тобовар шудан мегузаронанд. борсеркунӣ инчунин ба зангзанӣ тобовар шудани хӯлаҳои оҳанӣ дар муҳитҳои гуногуни фаъол ва гармитобовариро дар ҳарорати пасттар аз 850ºС таъмин менамояд. борсеркунӣ бо тарз ва усулҳои гуногун анҷом дода мешавад. Дар саноат борсеркунӣ бо усули маҳлулҳои хока, электролиз, электролизи бемоеъ, ионӣ ва молидани хамираҳо амалӣ мегардад. Лекин аксар вақт борсеркунӣ дар электролизи борати гудохта (N2B4O7, тетраборати натрий) анҷом дода мешавад. Дар ин раванд масолеҳ чун катод ва графит чун анод хидмат мекунад. Дар ҳарорати 930—950°С ва муҳлати 2-6 соат масолеҳ ба қабати аз бор сершудаи 0,15-0,25 мм соҳиб мешавад (қабати беруна аз FeB, дохилӣ аз Fe2B). борсеркуниро дар вақти рехтани масолеҳ низ анҷом додан мумкин аст. Дар ин ҳолат ба сатҳи қолаби рехтагарӣ қабати махсуси хамираи аз бор сершударо мемоланд. Чунин хамираҳо ҳангоми пухтан дар кӯра ба сатҳи масолеҳ молида мешаванд. Ин тарзи борсеркунӣ бо самаранокӣ ва содагиаш фарқ мекунад. Пас аз борсеркунӣ устувории масолеҳ 2-10 бор ва гармитобовариаш то 900—950°С меафзояд. Сахтии қабати бо бор сершуда дар пӯлоди перлитӣ 15000-20000 МПа-ро ташкил медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]