Jump to content

Борҷомӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Борҷомӣ
гурҷӣ: ბორჯომი
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 820 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ гурҷӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 1200
borjomi.gov.ge/ka
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Борҷомӣ (гурҷӣ: ბორჯომი bɔrd͡ʒɔmi) — шаҳр, маркази музофоти Боржомии Гурҷистон.

Дар бешазори дараи Борҷомии Қафқоз, дар баландии 800—1000 м аз с. б., дар водии рӯди Кура, ба самти ҷануб-ғарби шаҳри Тбилиси (Тифлис) воқеъ аст. Аҳолиаш 14 ҳазор нафар (2010). Иқлимаш муътадили субтропикӣ буда, зимистонаш нарми камбарф (ҳарорати миёнаи январ — 20С), тобистонаш салқин (ҳарорати миёнаи август — 200 С). Борҷомӣ асосан бо чашмаҳои маъданиаш, ки ошомиданию муолиҷавианд, машҳури ҷаҳон буда, аз ҷиҳати содироти он мавқеи асосиро соҳиб аст. Оби минералии Борҷомӣ дар саросари давлатҳои пасошӯравӣ маъмул мебошад. Дар Борҷомӣ осоишгоҳҳои иқлимӣ, табобатгоҳҳо (Сагвери, Семи, Ликани, Патара Семи), истироҳатгоҳҳои алоҳида (Аҳалдаба, Даба, Двири, Маҷартсхами, Мзета-Мзе, Тба, Тсинубани, Тсихиҷвари) мавҷуданд, ки дар онҳо бемориҳои меъдаву рӯда, ҷигару гурда, масонаву талхадон, дилу раг, силсилаи асаб ва роҳҳои нафас муолиҷа карда мешаванд. Борҷомӣ истгоҳи охирини р. о.-и камбари Боржоми — Бакуриани аст. 22 июни 2005 Гурҷистон Б.-ро яке аз довталабони баргузории Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 эълон намуд. Б. ягона шаҳрест, ки дар иҳотаи силсилакӯҳҳои паст ҷой гирифта, бешаҳои сӯзанбаргу паҳнбарг дорад. Дар Борҷомӣ зиёда аз 200 ёдгори таърихӣ, аз ҷумла қалъа, дайр ва калисо мавҷуданд. Дар байни онҳо Қасри шоҳони Рус — Романовҳо, ки дар асри 18 бунёд шудааст, мавқеи махсус дорад. Осорхонаи кишваршиносӣ, боғи шаҳрӣ, боғи миллӣ, мамнӯъгоҳҳо, театри миллӣ, з-дҳои шиша ва обҳои маъданӣ дорад.