Босма
Зоҳир
Босма — навъи нақши чопӣ дар санъати ороишию амалӣ.
Усули босма дар гулпартоии матоъ васеъ истифода мешавад. Мизробӣ, дароз, донача, зирадӯзӣ, даврапоя ва ғайра навъҳои маъмултарини усули босама ҳисоб меёбанд. Босмаро дар кулолӣ низ ба кор мебаранд. Барои ороиш кулол аввал дар чӯбу резина нусхаҳои гулро меканад. Ба воситаи ин муҳраҳо навъҳои гуногуни нақш — доира, ситораҳои бисёргӯша, нуқта ва дигар шаклу нусхаҳои ҳандасӣ сабт мешуданд. Дар замонҳои қадим нақшҳои тарҳи сабзавот: турбу сабзӣ, каду ва ғайра дар кулолӣ вуҷуд дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Босма / Х. Умаров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.