Jump to content

Бостонгароӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бостонгароӣ, архаи́зм (от юн.-қад. ἀρχαϊσμός — куҳна, матрук) — вожае мансух, ки дар гуфтори имрӯзи мутародифот ҷойгузини он шудааст.

Архаизмҳо унсурҳои забон — калима, ибораҳо, таркибҳо, баъзе шаклҳои грамматикию қонуниятҳои наҳвии (синтаксисии) аз истеъмол баромада, ки ҳамчун унсурҳои матрук ва ғайрифаъол дар таркиби луғавии забон маҳфузанд. Архаизмҳо дар тамоми сатҳҳои забон ба назар мерасанд, вале бештари архаизмҳо воҳидҳои луғавӣ — калимаҳо мебошанд. Ба қатори архаизмҳо дохил гардидани калимаҳо ҳодисаи доимӣ ва тадриҷӣ мебошад, чунки дар ҷараёни таҳаввул, такомул ва рушди забон баъзе калимаҳо муродиф пайдо мекунанд; муддате байни калимаҳои муродиф «рақобат» ба миён меояд. Тадриҷан яке «ғолиб» мегардад, доираи истеъмоли дигареро маҳдуд намуда, онро аз истеъмол мебарорад. Мас., дар байти Бедил

Ҳеч шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд.

Калимаҳои «ҳаюло» ва «бӯзина» замоне вожаҳои умумиистеъмолӣ буданд, вале бо гузашти айём ҷойи аввалиро мода (материя) ва ҷойи дуюмиро маймун гирифт; калимаҳои аввалӣ ба қатори архаизмҳо дохил шуданд. Ин навъ калимаҳо дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ хеле зиёданд ва бо номи архаизмҳои луғавӣ ёд мешаванд. Навъи дигари калимаҳои кӯҳнашуда ва матрукро архаизмҳои маъноӣ мегӯянд. Ин гуна калимаҳо дар натиҷаи маҳдуд гардида, тадриҷан аз истеъмол баромадани калимаи сермаъно ба вуҷуд меоянд. Мас., калимаи ифлос дар ибтидо ба маънои бенавоӣ, камбағалӣ маъмул буд, вале имрӯз маънои чиркинро дорад. Калимаҳои дастур — вазир, муҷозот — мукофот имрӯз ба қатори архаизмҳо дохил шудаанд. Дар боби грамматикаи забон низ архаизмҳоҳо мушоҳида мешаванд: або — бо, абе — бе, абар — бар, андар — дар, азеро (к) — зеро ки, пасванди ҷамъбандии -ин (муаллимин, масъулин), пасвандҳои -айн (қавсайн, волидайн), -юн (инқилобиюн) ва ғ. унсурҳои архаистӣ мебошанд. Унсурҳои архаистӣ дар боби савтиёт нисбатан камтаранд. Ҷараёни архаистӣ шудани онҳо марҳалаи тӯлониро дар бар мегирад. Чунончи, дифтонгҳои форсии қадим ai, аu тадриҷан ба и-и дароз ва о-и дароз, ҳамсадоҳои думахраҷаи хв (вови маъдула) ба х табдил шуда, шакли аввалаи онҳо ба ҳукми архаизмҳо гузаштаанд. Чун забон вобаста ба раванди инкишофи ҷомеа пайваста дар таҳаввулу такомул ва дигаргунӣ қарор дорад, аз ин рӯ, силсилаи калимаҳои архаистӣ метавонанд, ки аз нав мавриди истифода қарор бигиранд ва эҳё гарданд. Мас.: ройгон, рушд, маншаъ, ришва, чоплус, ваҳдат, мӯҳтаво, ҳандаса, мусаллас, савтиёт, сарфу наҳв, ифтитоҳ, инфиҷор, кох, ирсол намудан, баррасӣ кардан, иброз доштан, аз лиҳози, ба ҳайси ва ғ.