Боязиди Ансорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боязиди Ансорӣ (1524, шаҳри Ҷоландҳари Ҳиндустон — 1572, шаҳри Ҳаштнигари Покистон) — муассиси таълимоти динӣ ва миллӣ дар миёни афғонҳо. Дар тифлиаш хонаводаи онҳо аввал ба мулки Биҳор ва баъдан ба Вазиристон (воқеъ дар Покистони кунунӣ) ҳиҷрат кардааст. Аз соли 1546 Ансорӣ Боязид ҳамроҳи падараш ба тиҷорат шуғл варзида, дар яке аз сафарҳои тиҷоратӣ бо намояндаи мазҳаби исмоилия Сулаймон ошноӣ пайдо мекунад. Таъсири Сулаймон ба ташаккули ақидаҳои ӯ нақш гузоштааст. Ансорӣ Боязид ба омӯзиш ҷиддан шуғл варзида, ҳафт дараҷаи сайри сулукро мепаймояд ва савмаае сохта, нахуст ҳамсараш ва чанд тани дигарро ба чилланишинӣ водошт. Чун теъдоди муридонаш рӯ ба фузунӣ ниҳод, барои дар дигар минтақаҳо интишор додани таълимоташ муовинон баргузид. Ҷавҳари аслии таълимоти Ансорӣ Боязид чунин аст: маърифати ҳақ фарзи айн аст ва ин маърифат, ки бидуни он тоату ибодат ва хайру садақа мақбули Худованд нахоҳад шуд, ҷуз аз тариқи «пири комил» ҳосил намешавад. Ва ӯ аҳли шариат, тариқат, ҳақиқат, маърифат ва мазҳари ҳақоиқи илоҳӣ мебошад. Рӯҳаш дорои сифатҳои илоҳист. Итоат ба ӯ бар ҳамагон фарз аст. Итоати ӯ итоат аз паёмбар, Алӣ ва аз тариқи онҳо аз Худованд аст. Ансорӣ Боязид муршид аст ва онҳое, ки бо ихлос итоати ӯ кунанд, ба иршоди ӯ мадориҷи ҳафтгонаро то марҳалаи «тавҳид» хоҳанд паймуд. Таълимоти Ансорӣ Боязид ба мухолифати шадид дучор гардид. Аммо алорағми ин ӯ пас аз чанд соли тарғиб ва иршод дар миёни қавмҳои минтақаи худ ва қавмҳои синду балуҷ рафт ва Саидпури назди Ҳайдарободи Синдро маркази фаъолият қарор дод. Пайравони Ансорӣ Боязид новобаста ба мухолифати рӯҳониёни рақиб ба муваффақиятҳо ноил шуданд. Ансорӣ Боязид мубаллиғони худро назди ҳокимон, ашроф ва рӯҳониёни сарзаминҳои ҳамсоя фиристод ва онҳоро ба қабули таълимоташ даъват намуд. Мубаллиғони ӯ ба дарбори Акбаршоҳ ва назди шайхҳои бузурги замон аз қабили Мирзосулаймони Бадахшонӣ, Сайидалии Тирмизӣ ва дигарон фиристода шуданд. Аз Ансорӣ Боязид «Хайру-л-баён» (доир ба ваҳдати вуҷуд) «Мақсуду-л-муъминин» (доир ба ваъз, насиҳат, ақл, имон, ризо, рӯҳ, нафс, дунё, охират, тавба ва мақомоти ҳафтгона шариат, тариқат, ҳақиқат, маърифат, васлат, ваҳдат, сукунат), «Сирот-ут-тавҳид» (доир ба шарҳи ҳаёти худи ӯ ва васфи марҳалаҳои гуногуни иртиқои нафси инсонӣ), «Фахр-ут-толибайн» (ба Мирзо Сулаймон — ҳокими Бадахшон бахшида шудааст), «Ҳолнома» (оид ба зиндагиномаи муаллиф) боқӣ мондаанд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]