Jump to content

Боязиди Бастомии Сонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боязиди Бастомии Сонӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Боязиди Бастомии Сонӣ, Абумуҳаммад Абуалӣ ибни Иноятуллоҳ (форсӣ: بایَزیدِ بَسْطامیِ ثانی، ابومحمدعلی بن عنایت‌الله‎; қарни XVI — қарни XVII) — ориф, муҳаддис ва фақеҳи шофеъӣ[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз сол­ҳои зиндагиаш ҳамин қадар маълум аст, ки рисолаи «Қа­зо ва қадар»-и худро соли 1602 ба поин расонидааст. Соҳиби як қатор асарҳо дар мавзӯъҳои ақоид, фиқҳ, ҳадис, тасаввуф ва одобу ахлоқ мебошад. Аз ҷумла, асари Боязиди Бастомии Сонӣ «Наҷотнома» перомуни ғайбат аст, ки ба қавли ӯ, аз гуноҳони шоеи замона будааст. Дар ин асар Боязиди Бастомии Сонӣ нахуст ба баёни мавзӯи ғайбат ва масъалаҳои вобаста ба он, мазмум будани ғайбат, ақсоми он ва роҳҳои илоҷи он пар­дохта, фасли шашумро ба тавобеи ғайбат (суханчинӣ, дурӯғ, ҳасадварзӣ) бахшидааст. Дар боби дувуми ин китоб ба тавба, баёни маротиб ва фурӯи он пардохта, дар баёни масъала ба таълифоти орифони ҳақиқат ва соликони тариқат такя кардааст. Боязиди Бастомии Сонӣ дар пайравӣ аз суфиён тавбаро нахустин мақоми орифон хондаааст. «Авқоту-с-салот» рисолае фиқҳӣ дар бораи вақти намозҳои панҷгона аст. «Равзату-л-орифин» дар ҳақиқати тасаввуф, мақомоти соликон ва одоби сайру сулук аст. Мавзӯи онро масъалаҳои зоти Воҷиб, маориф ва истилоҳоти сӯфия, мақомоти даҳгона, амалҳои зоҳирӣ, аҳлоқ ва аҳволу одоб ташкил медиҳанд. «Қазову қадар» фарогири масъалаҳои ихтиёр, қазову қа­дар, тақдир, таъсири иродаи Худованд дар аъмоли инсонҳо мебошад. «Меъроҷу-т-таҳқиқ» дар фиқҳи истидолӣ буда, ҷилди аввали он шомили мукаддимае дар усули фиқҳ, китоби таҳорат ва намоз аст. Аз қавли муаллиф дар поини ин ҷилд бармеояд, ки ҷилди дувуми китоб бояд аз мавзӯи закот оғоз шуда бошад. «ал-Инсоф фӣ маърифати-л-аслоф» дар бораи имомат ва фирқаи наҷотёбанда буда, дар он муаллиф аз миёни 73 фирқа танҳо фирқаи имомияи шиаро фирқаи наҷотёфта донистааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]