Jump to content

Боғи ҳайвонот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғи ҳайвонот — муассисаи илмию маърифатӣ, ки дар он ҳайвоноти хонагӣ дар қафасҳо ва нимозод (дар майдонҳои васеи ба шароити табиӣ наздик) бо мақсади парвариш, омӯзиш ва тамошо нигоҳ дошта мешаванд.

Боғҳои ҳайвоноти муосир дар баробари намоиши олами ҳайвонот, омӯзиши намояндагони он, тарғиби ғояҳои муҳофизати табиат ба ҳифз ва зиёд намудани насли ҳайвоноти ваҳшии нодир ва нестшаванда машғуланд. Зубр, гавазни Довудӣ, аспи Пржевалский, казаркаи гавайӣ ва бисёр диг. намудҳои ҳайвоноту парандагон маҳз ба туфайли боғҳои ҳайвонот аз нестшавӣ наҷот дода шудаанд. Дар як қатор боғҳои ҳайвонот ҷиҳати ба шароити маҳал мутобиқ намудани ҳайвонот таҳқиқоти илмӣ мебаранд, касалиҳои ҳайвонот, усулҳои пешгирӣ ва табобати онҳо, роҳҳои зиёд кардани насли ҳайвонот ва парвариши онҳо дар қафасҳо омӯхта мешаванд. Онҳо барои мактаббачагон саёҳатҳо, дар мавзӯъҳои биологӣ намоишҳо, маърӯзаҳо ташкил мекунанд, кинофилмҳо намоиш медиҳанд ва дигар чорабиниҳо мегузаронанд.

Сароғози Боғи ҳайвонот вуҳушхонаҳо буданд. Вуҳушхонаи бузург дар Миср тақр. 1500 сол то м. мавҷуд буд. Беш аз 1000 сол то м. дар Хитой Боғи ҳайвоноте бо номи «Боғи дониш» фаъолият дошт. Нахустин боғҳои ҳайвонот дар Аврупо дар а. 18 дар Вена (1752), Мадрид (1774), Париж (1793) ба вуҷуд омаданд. Дар а. 19 дар Лондон (1828), Амстердам (1838), Берлин (1844), Мадрас (1855), Мелбурн (1857), Париж (1858), Франкфурти лаби Майн (1858), Копенгаген (1859), Гамбург (1863), Ню-Йорк (1865), Будапешт (1866), Калкутта (1875) боғҳои ҳайвонот ташкил карда шуданд. Баъзе шаҳрҳои калони ҷаҳон чандтоӣ Боғи ҳайвонот доранд: Токио ва Чикаго — 2-то, Париж — 3-то, Лондон — 3-то, Ню-Йорк — 4-то. Дар Россия нахустин боғҳои ҳайвонот дар нимаи дуюми садаи XIX пайдо шуданд, ки бузургтарини онҳо Боғи ҳайвоноти ш. Маскав буд. Дар даврони шӯравӣ дар пойтахти ҷумҳуриҳо ва шаҳрҳои калони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар ш. Душанбе (ниг. Боғи ҳайвонот (Душанбе)) боғҳои ҳайвонот ташкил карда шуданд. Боғи ҳайвоноти Берлини Ғарбӣ, Ню-Йорк, Анверпен, Лондон, Сан-Диего, Амстердам аз ҷиҳати фарогирии намуд ва саршумори ҳайвонот бузургтарин боғҳои ҳайвоноти ҷаҳон мебошанд. Бисёр боғҳои ҳайвонот маҷаллаҳои илмию оммавӣ, брошюраҳо ва асарҳо нашр мекунанд.