Jump to content

Боғчадарвоза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғчадарвозадарвозаи шашгумбаздори қисми шимолии қалъаи Ичан (Хева, садаи XIX).

Ҳамаи гунбазҳо шаклан якхелаанд. Ду гунбази калон дар болои роҳрав буда, дар паҳлӯи онҳо дуконҳо сохта шудаанд. Дар тарафи пеши Боғчадарвоза ду бурҷ (гулдастаҳо) гузошта шуда, болои дарвоза равоқ ва кунгурадор мебошад. Тарафҳои шимолу ҷануби Боғчадарвоза бо рангҳои гуногун кошикорӣ гардидааст. Боғчадарвоза солҳои 1959–1960 тармим карда шуд.