Боғчасарой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Боғчасарой

укр. Бахчисарай
Шаблон:Lang-crh
Bahtšisarai-Khaani palee Krimmis.jpg
Нишон
Нишон
Кишвар Украина
Координатаҳо 44°45′10″ с. ш. 33°51′39″ в. д.HGЯO
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Боғчасарой дар харитаи
Боғчасарой
Боғчасарой

Боғчасарой (укр. Бахчисарай, Шаблон:Lang-crh) — шаҳр, маркази ноҳияи Боғчасаройи вилояти Қрими Ҷумҳурии Украина. Аҳолиаш 28  ҳазор нафар (2011).

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғчасарой дар аввали садаи XVI  бунёд гардидааст. То ба империяи Россия ҳамроҳ шудан (1783) пойтахти хонигарии Қрим буд. Соли 1519 маҷмааи Қасри хон (Хонсарой) сохта шуд. Ин қаср баъди сӯхтор дар садаи XVIII аз нав барқарор ва тармим гардид. Дар бунёд ва ороиши он дар аввали садаи XVI меъмори итолиёӣ Алевиз Фрязини Нав ширкат ва роҳбарӣ кардааст. Ба ин маҷмаа «Фаввораи тилоӣ» (1737), «Фаввораи ашк» (1764; бо роҳбарии меъмори форс Умар) дохил мешавад, ки онро шоири рус А. С. Пушкин (шеъри «Фаввораи Боғчасарой») ва шоири полшагӣ А. Мискевич дар шеъри худ васф кардаанд.

Ёдгориҳои таърихӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қасри хон то имрӯз яке аз ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти Боғчасарой нақши муҳим дорад.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Истгоҳи рроҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилгард (Симферопол – Севастопол) дорад.

Дар Боғчасарой комбинати «Стройиндустрия», заводҳои шаробпазӣ, шарбати мева, шир, нон ва соҳаи анҷибарпарварӣ  фаъолият доранд. Дар наздикии Боғчасарой, дар шаҳраки Научный (Илмӣ) расадхонаи ахтаршиносӣ ва физикаи Қрим воқеъ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Lua error in Модул:External_links at line 153: attempt to call field 'getWikidataRefHtml' (a nil value).