Боқии Дарзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Боқии Дарзӣ
Боқии Дарзӣ
Санаи таваллуд

номаълум

Зодгоҳ

ш. Бухоро

Санаи марг

1574

Касб(ҳо)

навозанда,сароянда

Боқии Дарзӣ (Устод Боқии Дарзии Бухороӣ, с. тав. номаълум, Бухоро, с. ваф. 1574 Бухоро), навозанда, сароянда, мусиқидон, шоири тоҷик, зодаи Бухоро.

Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусикӣ, хаттотӣ шӯру шавқи зиёд дошта, барои такмили касб ба шаҳрҳои Самарқанд, Ҳирот мусофират намудааст. Боқии Дарзӣ бо пешаи косибӣ рӯзгузаронӣ намуда ва дар шеър (ғазал) бо тахалл. «Дарзӣ» машҳур шуда, соҳибдевон будааст. Асосҳои мусиқиро аз устодони ин ҳунар ва илм Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Амир Алиакбари Қонунии Самарқандӣ ва Хоҷа Бобои Қонунӣ фаро гирифааст. Дар ҳунари сознавозӣ (барбату қонун, танбӯр) дар Самарқанду Бухоро, Ҳирот шӯхрат дошта, барои ин созҳо дар шаклу анвои мусиқии «пешрав», «амал», «қавл», «қавли мустаҳалл», сохта, махсусан, асарҳои «Кори Наво», «Амали Рост», «Пешрави Дарзӣ», «Қавли Гуландом», «Нақши Хоҷа», «Савти Қонун» ва ғ. назди ҳунариён эътибори зиёд касб кардаанд. Боқии Дарзӣ Барои дастаи мутрибони наққорахона дар заминаи зарбу навоҳои мақомҳои «Ушшоқ», «Рост», «Исфаҳон», «Ҳиҷоз» асарҳои ҷолибе сохта, «Пешрави меҳтариён», «Пешрави наққора» дар барномаҳои ҳунарӣ мавриди истифода будаанд. Ӯ баробари табъи баланди шоирӣ доштан дар санъати китобат (хаттотӣ) даст дошта, ба асари Ҷомӣ «Юсуф ва Зулайхо» шарҳе навишта, санъатҳои бадеии шеъриро аз лиҳози қавонини шеърӣ тавзеҳи хуб дода, дар фасли ҷудогонаи рисолааш аз навоқиси шеърӣ баҳсҳо намудааст. Боқии Дарзӣ ғазалро некӯ мегуфта; намунае аз табъи шоирии ин чанд байт:

Аз шӯълаҳои сӯзи дили нотавони ман,
Гӯё забона аст, забон дар даҳони ман.
Гаштам нишони тири вафояш, вале нашуд,
Хотирнишон он бути абрӯкамони ман.
Ёби тамоми сурати паймони хешро,
Гар бишканӣ ба санги ситам устухони ман.
Ҳар шаб ҷудо зи рӯи ту, эй моҳ бигзарад,
Аз нӯҳ сипеҳр нолаву оҳу фиғони ман.
Боқӣ агарчӣ аз ғами ишқи ту ҷон набурд,
Бодо бақои умри ту ороми ҷони ман.

Боқии Дарзӣ охири умр ба зодгоҳаш омада, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.

Адабиёт[вироиш]

  • Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ;
  • Семёнов А.А. Среднеазиатский трактат по музыке Дервиш Али XVIIв. Таш., 1946;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 44 ISBN 978-99947-49-13-3