Боқии Косонӣ
Зоҳир
Боқии Косонӣ (форсӣ: باقی کاسانی) — шоири тоҷик (асри 16).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз аҳли хонадони яке аз ашхоси бонуфузи Косон будааст. Маълумоти ибтидоиро дар хонавода гирифта, баъдан дар мадраса илмҳои расмии даврро омӯхт ва дар байни аҳли адабу фазли он давра бо донишу фазилати худ шуҳрат ёфт. Аз Боқии Косонӣ қасидаҳо, ғазалҳо ва абёти пароканда ба тавассути тазкираҳо (мас., «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ) мондааст. Ба қасидаи Котибии Нишопурӣ (бо радифи «гул») назира навиштааст. Байти зерин аз назираи ӯст:
Килки таҳрираш ҳама гулҳои тар оварда буд,
Кас надидаст аз найи хушке, ки орад бор гул.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқии Косонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — С. 52. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.