Боқии Хумдонакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боқии Хумдонакӣ

Боқии Хумдонакӣ (форсӣ: باقئ خمدانکی‎; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷики доираи адабии Самарқанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Мутрибӣ Боқии Хумдонакӣ шоири бомаҳорату хуштабъ будааст. Мутрибӣ инчунин аз соҳибдевон буданаш иттилоъ додааст. Абёти зерин намунае аз ашъори Боқии Хумдонакӣ мебошанд:

Набарад меҳри ту аз синаи ман моҳи касе,
Ҷаҳд кун, то набувад дар пайи ту оҳи касе.
Хоҳам аз ту нафасе дур набошам, чӣ кунам?
Нест чун кори ҷаҳон ҳеч ба дилхоҳи касе.
Дили моро чу сиришк аз назари хеш марон,
Ба гадоёни дарат ҳайф макун шоҳи касе.
Гар гирифтор шудам аз ғами ишқат, чӣ аҷаб,
Ҳаст бисёр аз ин воқеа дар роҳи касе.
Дили Боқӣ макун озурда, ки некӣ набувад,
Ки бувад дар пайи ту оҳи саҳаргоҳи касе.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]