Боқимуҳаммад
|
|
Таваллуд |
1579 |
Даргузашт |
1605 |
Дудмон | Аштархониён |
Боқимуҳаммад форсӣ: باقیمحمد; 1579, Бухоро — 1605, Бухоро) — хони Бухоро, аз сулолаи Аштархониён (1601—1605), писари Султон Ҷонибек.
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Вакили Шайбониён Пирмуҳаммадхон (1598−1601) Боқимуҳаммадро барои хидматҳои шоёнаш ҳокими Самарқанд таъйин кардааст (1599). Боқимуҳаммад баъди мавқеи худро мустаҳкам намудан ҳатто аз итоат ба Пирмуҳаммадхон саркашӣ карда, ба муқобили ӯ мешӯрид. Моҳи июни 1601 дар Боғи Шамоли Самарқанд бо Пирмуҳаммадхон ҷангида, ӯро мағлуб кардааст. Баъдан, соли 1601 соҳиби тахти Бухоро шуда, дар Бухоро сулолаи нави Аштархониён ё худ «Ҷониён»-ро бунёд ниҳодааст. Баъди қатли Абдулмуъмин ҳукмронии хонадони Шайбониён ба охир расида, Боқимуҳаммад сиёсати дохилию берунии худро ба манфиати феодалҳое, ки ба тахт нишастани ӯро тарафдорӣ карданд, равона дошт. Дар солҳои аввали ҳукмрониаш барои ба зӯр гирифтани замин аз душманонаш сахт мубориза бурда, исёни шоҳзодаҳои аштархонӣ Аббосу Раҳмонқулиро (1601−1602) фурӯ нишонд. Ба муқобили лашкари Шоҳ Аббоси I баромада, артиши эрониёнро дар ноҳияи соҳилии Пули Хатабаи Омударё торумор намуд ва Қундузро аз дасти Темуриён гирифт. Барои ба тартиб овардани корҳои идораи давлатӣ, аз нав ташкил кардани лашкар ва таҷдиди умури андозситонӣ тадбирҳо андешида, ислоҳот анҷом дод. Дар давраи ҳукмронии Боқимуҳаммад халқҳои қазоқу қарақалпоқ ва ғ. бар зидди зулму истибдодаш борҳо шӯриш бардоштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқимуҳаммад // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.