Jump to content

Боқимуҳаммади Ӯротеппаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боқимуҳаммади Ӯротеппаӣ

Боқимуҳаммади Ӯротеппаӣ (форсӣ: باقی‌محمد اوراتپه‌یی‎) — хаттоти тоҷик (асри 19).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар маҳаллаи Боғкалони Ӯротеппа дар оилаи боғбон таваллуд ёфта, назди тағояш, хаттоти номӣ Тӯрахоҷаи Истаравшанӣ таълим гирифтааст. Боқимуҳаммади Ӯротеппаӣ бисёр ашъор ва асарҳоро китобат кардааст. Аз ҷумла «Нигористон» ном асари китобаткардаи ӯ дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон таҳти рақами 3494 маҳфуз аст.