Боқирии Ҳиравӣ
Зоҳир
Боқирии Ҳиравӣ (форсӣ: باقری هروی; ? — қарни XV) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш — шаҳри Ҳирот улуми мутадовилаи даврашро омӯхта, ба камол расидааст. Пас аз касби камол ба доираи адабии дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро ворид шуд. Дар шеъру шоирӣ шогирди Шаҳдоби Ҳиравӣ — шоири маъруфи замонаш буд. Боқирии Ҳиравӣ дар анвои гуногуни назм — қасидаву ғазал, рубоӣ ва ғайра шеърҳо эҷод кардааст, ки намунаҳои онҳо тавассути тазкираҳо расидаанд. Дар муаммогӯӣ дасти қавӣ доштааст. Муаммои зерин ба исми «рукн» аз сурудаҳои ӯянд:
Рақиб дид, ки сайдам намуд ғамзаи ёр,
Зи рашк сӯхт дилаш чун ба ноз кард шикор.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқирии Ҳиравӣ / С. Ализода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.