Боқири Хурдаи Кошонӣ
Боқири Хурдаи Кошонӣ (форсӣ: باقر خرده کاشانی), Мавлоно Муҳаммадбоқири Хурдафурӯш, мутахаллис ба Боқир (? — 1629, Бурҳонпур, Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сабаби бо номи Хурдаӣ машҳур будани ин шахсро муаллифи «Тазкираи Майхона» Абдуннабии Фахруззамонӣ дар он донистааст, ки ӯ ба хурдафурӯшӣ (резаворфурӯшӣ) машғул будааст. Сайид Нафисӣ зодгоҳашро деҳаи Хурда гуфтааст. Дар шеър шогирду пайрави Муҳташами Кошонӣ, дар хат шогирди Мир Муизиддин Муҳаммади Кошонӣ буд. Дар манбаъҳо аз Боқир чун устоди хатти настаълиқ ёд кардаанд. Дар ҷавонӣ ба мазҳаби нуқтавия гаравид. Пайравони ин мазҳаб аз ҷониби Шоҳ Аббоси Сафавӣ (ҳукмронӣ 1588—1629) ба таъқибот дучор омаданд. Боқир бо миёнаравии вазири Шоҳ Аббос аз қатл раҳо ёфта, пас аз саргардониҳо дар Ироқ, Кошон, Хуросон озими Ҳинд шуд ва дар дарбори ҳокимони ш-ҳои Аҳмаднагар, Беҷопур, Бангола ба хидмат даромада, таъмини маош мекард. Мувофиқи иттилои адиб ва тазкиранигор Абдулбоқии Наҳовандӣ («Маосири Раҳимӣ») Боқир соҳиби девоне иборат аз 12 ҳазор байт ва соқиномае будааст. Абёти зерин намунае аз ашъори Боқир мебошанд:
Шаб нолаи ман гӯшзади мурғи чаман шуд,
Бечора гирифтори гирифтории ман шуд.
* * *
Ё Раб, он сӯз фиган дар дили девонаи мо,
Ки Калим ояду оташ барад аз хонаи мо.
* * *
Рафтию бишкаст аз дурии ту
Дар дидаам ашк, дар синаам оҳ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқири Хурдаии Кошонӣ / Ш. Муҳаммадиев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.