Боқиёи Нойинӣ
Боқиёи Нойинӣ (форсӣ: باقیای نایينی; 1595, Нойин — 1633, Банорас) — шоир ва мусиқидони форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ашъораш ба тақозои вазн «Боқӣ» ва ё «Боқиё» тахаллус мекард. Пас аз касби камол ба Исфаҳон рафта, илму дониш, махсусан улуми адабиро омӯхт. Дар Ироқ аз суҳбати шоирону донишмандони давраш — Ҳаким Шифоӣ ва дар Хуросон аз вохӯрӣ бо Малик Мирзои Фасеҳӣ баҳравар гардидааст. Аз маҳорати Боқиёи Нойинӣ дар шеъру мусиқӣ Абдулбоқии Наҳовандӣ дар тазкираи «Маосири Раҳимӣ» ва муаллифи тазкираи «Майхона» Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ иттилоъ додаанд. Абдуннабӣ ин шахсро бори аввал соли ба Ҳиндустон расиданаш ва сипас борҳо, то охири умраш дидааст ва бо вай ҳамсуҳбат шудааст. Боқиёи Нойинӣ соли 1614 бо роҳи Қандаҳор ба Ҳиндустон рафт; аввал ба хидмати вазири Ҷаҳонгир (ҳукмронӣ 1606 — 28) Мирзо Ғиёсбеки Эътимодуддавла расид, сипас ба Дакан омад ва ба мулозимати шоҳзода Хуррам — Шоҳиҷаҳон (1628 — 57) ворид гардид. Пас аз ду сол тарки хидмати дарбор намуд ва ба тиҷорат машғул шуд. Дар солҳои охири умр боз ба хидмати Шоҳиҷаҳон пайваст. Аз ӯ иҷозаи сафари ҳаҷ гирифта ба Эрон омад. Пас аз муддате боз ба Ҳинд омад ва дар Банорас фавтид.
Аз Боқиёи Нойинӣ девони ашъор шомили қасоид, ғазалиёт ва дигар анвои шеър боқӣ мондааст, ки нусхае аз он дар Институти шарқшиносии Ӯзбекистон таҳти шумораи 10226/3 маҳфуз аст. Дастнависи маснавии ирфонии Боқиёи Нойинӣ — «Зоту сифот» дар Музейи миллии Покистон (NM 1963—226/14) нигоҳдорӣ мешавад. Дар илми мусиқӣ низ рисолае доштааст Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони ин соҳа, Боқиёи Нойинӣ мусиқии эрониро бо мусиқии юнонӣ омезиш дода, ба равияи Амир Хусрави Деҳлавӣ оҳангҳое дар мусиқии ҳиндӣ эҷод намудааст. Абёти зерин намунае аз нигоштаҳои Боқиёи Нойинӣ мебошанд:
Аз он Худой ба инсон ду гӯш дода аён,
Аз он намуда забонро ниҳон ба кому даҳан,
Ки ин мабод тағофул кашад ба гоҳи самоъ,
Ки он мабод таҷоҳул кунад гаҳи гуфтан.
Даме, ки мешунавӣ, ҷумла гӯш бояд буд,
Валек дар гаҳи гуфтан мабош зудсухан.
Зи осиё натвон буд кам, ки аз раҳи гӯш
Ҳар он чи бишнавад аз ҳар касе ба ваҷҳи ҳасан
Даруни хотири худ то бад-он нагардад боз,
Берун наёрад аз ҷо яке зи роҳи даҳан.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқиёи Нойинӣ / Ш. Муҳаммадиев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.