Боҷи гумрукӣ
Андозҳои гумрукӣ ё боҷу хироҷи гумрукӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ» зикр шудааст. Ин намуди пардохти ҳатмӣ ба буҷети умумиҷумҳуриявӣ танҳо ҳангоми воридоти молҳо аз кишварҳои хориҷӣ бо тартиботи махсус ҳисоб карда мешавад, ки моҳият ва муҳтавои он дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
Боҷи гумрукӣ — дар ҳуқуқ, пардохти ҳатмие мебошад, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ ворид кардани мол ва содир намудани мол аз ин ҳудуд ситонида мешавад ва шарти ногузири чунин воридоту содирот мебошад.
Аслан боҷи гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукӣ тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад. Андоза (ставка)-ҳои боҷи гумрукиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва мувофиқи моддаи 4 Кодекси мазкур эътибор пайдо мекунад.
Намудҳои боҷи гумрукӣ аз рӯйи таъйинот
[вироиш | вироиши манбаъ]Андозаҳои боҷи гумрукӣ аз рӯйи таъйиноти худ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:
Боҷи адвалорӣ — як навъи боҷи гумрукӣ аст, ки ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешавад. Боҷи махсус — тибқи ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қароргирифта ҳисоб карда мешавад. Боҷи омехта — ҳар ду навъи дар боло зикршударо (адвалорӣ ва махсус) дар бар мегирад (мувофиқи моддаҳои 341 ва 342 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Боҷҳои гумрукии мавсимӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои танзими фаъолияти тиҷорати хориҷӣ боҷи гумрукии мавсимӣ муқаррар намояд.
Дар ин ҳолат ставкаҳои боҷи гумрукии муқаррарнамудаи тарифи гумрукӣ истифода карда намешаванд. Муҳлати амали боҷи гумрукии мавсимӣ дар як сол аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад (моддаи 343 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Боҷҳои хосси гумрукӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон нисбат ба моли воридотӣ мумкин аст муваққатан боҷҳои хосси гумрукӣ истифода карда шаванд. Онҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: 1. Боҷи махсус Ба сифати тадбири муҳофизатӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки агар мол ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ба чунин миқдор ё шартҳое ворид шавад, ки тавонад ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ ва ё моли бевосита рақобаткунанда зарар расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд. Инчунин ҳамчун тадбири ҷавобӣ ба амалҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) ва амалҳои дигари баъзе кишварҳо ё иттиҳодияҳои онҳо, ки манфиати Тоҷикистонро халалдор менамоянд, истифода мешавад. 2. Боҷи зиддидемпингӣ Дар сурати ворид намудани мол ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон бо нархи нисбат ба нархи гумрукии миёнаи омории дар кишвари содиркунанда дар лаҳзаи воридот ниҳоят пасттар истифода мешавад. Ин дар ҳолате амалӣ мегардад, ки агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони дохилии моли шабеҳ зарари моддӣ расонад, таҳдиди зарар расондан намояд ё ба ташкил ва ё ба бештар истеҳсол намудани чунин мол дар Тоҷикистон мумониат кунад. 3. Боҷи ҷубронӣ Дар сурати ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ворид намудани моле, ки ҳангоми истеҳсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия истифода шудааст, истифода мешавад. Шарт аст, ки агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ зарари моддӣ расонад, таҳдиди зарар расондан намояд ё ба ташкил ва ё ба истеҳсоли бештари моли шабеҳ дар Тоҷикистон мумониат кунад (моддаи 344 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андоз / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2026, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боҷи гумрукӣ / Д. Абдуллоев. // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.