Jump to content

Бо Мирчофф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бо Мирчофф
англ. Beau Mirchoff
Ном ба ҳангоми таваллуд: Уилям Бо Мирчофф
Таърихи таваллуд: 13 январ 1989(1989-01-13) (35 сол)
Зодгоҳ: Сиэтл, Вашингтон, ИМА
Шаҳрвандӣ:  ИМА
 Канада
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2003 — то ҳол
IMDb: ID 2155525
beaumirchoff.net
 Парвандаҳо дар Викианбор

Уилям Бо Мирчофф (англ. William Beau Mirchoff, тав. 13 январи соли 1989, Сиэтл, Вашингтон, ИМА) — ҳунарпешаи канадӣ, ки бо нақши Дэннӣ Болен дар силсилафилми "Desperate Housewives" ва инчунин нақши асосӣ дар сериали "Awkward" ва филмҳои "Scary movie 4" ва "The Grudge 3" маъруф аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирчофф дар Сиэтл, Вашингтон таваллуд шудааст. Пас аз ду рӯзи таваллуд, оила ба Виктория, Колумбияи Бритониё дар ҷазираи Ванкувери Канада кӯчид. Падари ӯ Билл, ки дар Калифорния таваллуд шудааст, ортопедист ва модараш Келлӣ аз Сиэтл хонашин аст. Мирчофф бародаре Люк (соли таваллудаш 1985), нимкасбӣ дар лакрос ва хоҳаре Рианна (соли таваллудаш 1992) дорад. Вай хатмкунандаи Mount Douglas Secondary School Дуглас мебошад. Мирчофф шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида ва Канада мебошад.

Мирчофф нақши аввалини худро дар намоишномаи "Bubbly Stiltskin" иҷро намудааст. Аввалин нақшаш дар синамо, нақши дуюмдараҷа дар "Scary Movie 4" буд, ки нақши "Робби Райан"-ро бозид. Ӯ дар якчанд қисми силсилафилми шабакаи CBC "Heartland" нақш бозид. Ӯ ҳамчунин дар филми “The Grudge 3” нақши асосиро бозид. Мирчофф ба ҳайати ҳунармандони “Соҳибхоназанҳои ноумед” ҳамроҳ шуда, дар байни солҳои 2009 ва 2010 нақши Дэннӣ Боленро бозӣ кард[1]. Ӯ дар филми “The Secret Lives of Dorks” ва дар филми “I Am Number Four” нақшҳои дуюмдараҷа дошт. Мирчофф дар силсилафилми MTV "Awkward" нақши марказиро бозидааст. Ӯ нақши Доминикро дар филми Disney Channel "The Wizards Return: Alex vs. Alex" бозидааст. Мирчофф инчунин ҳамчун қаҳрамони такроршаванда дар драмаи даврии NBC "Aquarius" ва триллери "Poker Night" дар муқобили Рон Перлман ва Ҷанкарло Эспозито дида мешуд[2]. Ӯ бо иҷрои нақши Ҷеймӣ Ҳантер дар "Good Trouble" маъруф шуд.

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синни 20-солагӣ ба Лос-Анҷелес кӯчид. Аз соли 2011 то соли 2018 ӯ бо ҳунарпеша ва раққоса Ҷанин Мейсон, барандаи мавсими панҷуми барномаи “So You Think You Can Dance” муносибат дошт.

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2006 Scary Movie 4 Роббӣ Рян
2007 In the Land of Women Наврас
2009 Grudge 3, TheThe Grudge 3 Эндӣ
2011 I Am Number Four Дрю
2013 The Secret Lives of Dorks Кларк
2014 Born to Race: Fast Track Ҷейк Кендалл
2014 Poker Night Ҷетер
2015 Grass Stains Эрик
2015 Tell Tale Lies
2015 See You in Valhalla Ҷоннӣ
2017 Flatliners Брэд
2017 All Summers End Эрик
2022 Detective Knight: Rogue Кейсӣ Роудс [3]
2022 Detective Knight: Redemption Кейсӣ Роудс [4]
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2003 Romeo! Чейз Қисм: "He Got Blame"
2007–2008 Heartland Бенҷемин "Бен" Стиллман 6 қисм
2009 Stranger with My Face Гордон Ламберт Телефилм
2009–2010 Desperate Housewives Дэннӣ Болен Нақши дуюмдараҷа; 18 қисм
2011 CSI: Miami Ҷаред Қисм: "Paint It Black"
2011 Protector, TheThe Protector Тайлор Қисм: "Beef"
2011–2016 Awkward Мэттӣ МакКиббен Нақши асосӣ
Teen Choice Awards TV Breakout Star: Male
2012 CSI: Crime Scene Investigation Ҷейк Пичан Қисм: "Trends with Benefits"
2013 Wizards Return: Alex vs. Alex, TheThe Wizards Return: Alex vs. Alex Доминик Телефилм
2015 Aquarius Рик Зондерван 3 қисм
2015 The Murder Pact Уилл Ласал Телефилм
2017 Party Boat Ҷонатан Телефилм
2018 I'm Dying Up Here Саул Ҳадсон 3 қисм
2018 The Fosters Ҷеймӣ Ҳантер 3 қисм
2019–2022 Good Trouble Мавсимҳои 1-2); Нақши асосӣ (мавсимҳои 3-4); Нақши меҳмонӣ (мавсими 5 )
2019 Now Apocalypse Форд Ҳалстед Нақши асосӣ
2021 Narcos: Mexico Стив Шеридан / Стив Уиппл 4 қисм
2022 Hidden Gems Ҷек
2023 Ride Кэш МакМюррей [5]