Jump to content

Буз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Буз
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Capra hircus Linnaeus, 1758
Тасвире аз буз дар танга

Буз (форсӣ: بز‎ > порсии миёна: buz > порсии бостон: *buza-)[1] (лот. Capra aegagrus hircus) — зергунаест аҳлишуда аз ростаи ҷуфтсумон (лот. Artiodactyla), хонаводаи говсонон (лот. Bovidae), сардаи бузҳои кӯҳӣ (лот. Capra) ва гунаи бузи ваҳшӣ (лот. Capra aegagrus).

Бино ба таснифоти ҷонваршиносӣ, ба гурӯҳи ширхӯрон (хонаводаи ковокшохон) мансуб аст. Буз яке аз нахустин ҷонварони хонагишуда аст. Бисёре аз ҷонваршиносон бузи ваҳшӣ (лот. Capra hircus aegagrus), морхӯр (англ. Capra falconeri) ва бузи мунқаризи «ибтидоӣ» (лот. Capra prica)-po аҷдоди бузи хонагӣ мешуморанд. Дар Тоҷикистон 2 гуна бузи ваҳшӣ: нахчир — С. sibirica (дар ҳама ноҳияҳо, ҷуз аз водиҳои ҷануби Тоҷикистон) ва морхӯр (қаторкӯҳҳои Санглох, Сарсарак ва Ҳазратишоҳ) зиндагӣ мекунанд. Додаҳои бостоншиносӣ дар бораи боҷимондаҳои ҷонварон (дар Яримтеппаи шимоли Ироқ ва Анови назди Ишқобод), сангнигораҳои асри санг ва бозёфтҳо аз ноҳияҳои гуногун гувоҳӣ медиҳанд, ки инсон 8 ҳазор сол пеш бузро парвариш мекард. Буз нигохубини зиёдеро талаб намекунад ва ба касалиҳои сил, хоришак, нағзак, тоун, трипаносомоз кам гирифтор мешавад. Бинобар ин буз дар бархе аз ноҳияҳои Африқо ягона ҳайвони хонагӣ аст. Буз нисбат ба дигар чорвои хонагӣ барои дар чарогох парвариш кардан бештар мувофиқ мебошад. Бинобар хуб инкишоф ёфтани аъзои ҳозима буз рустаниҳои гуногунро хӯрда, хӯрокиҳои аз 27 то 64 % селулоздорро ҳазм мекунад. Вояи хӯроки бузҳои вазни зиндаашон 30 — 35 кг бояд 0,90 — 1,32 воҳиди хурокӣ, 1,25 — 1,35 кг моддаҳои хушк, 80 — 100 кг протеини ҳозим, беда, хасбеда, ярмаи ҷуворимакка, хӯрокиҳои омехта ва ғайраро дошта бошад.

Рамаи бузро барои нест кардани буттаю паттазори заминҳои киштбоб ва каналҳо истифода мебаранд. Буз ба шароити гуногуни экологӣ зуд мутобиқ мешавад ва аз ин рӯ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон онро мепарваранд. Маҳсулоти асосии буз пашм, гӯшт ва тибит аст. Буз ҳайвони зудрас мебошад. Такаҳои нағз нигоҳубиншударо дар 5—6-моҳагӣ барои гӯшт мекушанд. Вазни зиндаи модабузи болиғ 40—60 кг, такааш 60—65 (баъзан то 105) кг мешавад. Буз 9—10, баъзан то 17 сол умр мебинад. Онро дар хоҷагӣ 7—9 сол истифода мекунанд, сипас 6а гӯшт месупоранд. Буз дар 5—8 моҳагӣ кобилияти чуфтшавӣ дорад, вале аз 14—18-моҳагӣ зудтар ҷуфтӣ кардан ва бузғолаҳояш майдаву лоғар таваллуд мешаванд. Давраи хамлаш буда, 2 (баъзан 5) бузғола мезоянд. Дар ноҳияҳои чорводори Тоҷикистон буз тамоми сол дар чарогоҳ парвариш меёбад. Дар чарогоҳ барои зимистонгузаронии чорво ура месозанд, ки дар он буз ва дигар чорпои хурдро шабона ва рӯзҳои сард, ҳамчунин дар ҳавои номусоид нигоҳ медоранд. Ҳангоми ташкил кардани рама 300—350 модабуз, 450—500 бузғола ва 600—700 такаҳои ахтакардаро ҷудо мекунанд. Бо мақсади дар фасли гарми сол тул гирифтан модабузҳоро моҳи ноябр ҷуфт мекунанд. Агар зимистон барои зоидани убз шароити мусоид мавҷуд бошад, пас моҳҳои июн ва август ҷуфтӣ кардани модабузҳо равост. Бузғолаҳои дек.— янв. зоидашударо баҳорон ба чарогоҳ баровардан мумкин. Дар сурати хуб парваришу нигоҳбинӣ кардани Б. аз он соле 2 ё дар 2 сол 3 маротиба насл гирифтан мумкин аст. Буз маснуъӣ ҳам ҷуфтӣ карда мешавад. 45 рӯз пеш аз ҷуфтӣ кардан, бузғолаҳоро ҷудо карда, модабузҳоро аз назорати домпизишкиву профилактикӣ мегузаронанд. Бо мақсади гирифтани насл такаҳои зотии солим ва боқувватро истифода мебаранд. Ба такаҳо 45—60 рӯз қабл аз ҷуфтикунӣ хӯрокиҳои серғизо (пояи хушки лӯбиёиҳо, хасбеда, силос, сабзӣ, лаблабуи қанд, хӯрокҳои омехта — ярмаи ҷуворимакка, ҷав, сабус) медиҳанд. Вояи хуроки такаи вазни зиндааш 60 кг бояд 1,10 воҳиди хурокӣ, 1,44 кг моддаҳои хушк, 100—110 г протеини ҳозим дошта бошад. Ба ҳар така 25—30 ва барои такаҳои калон 30—40 cap модабуз ҷудо мекунанд. Ҳангоми бордоркунии маснуъӣ бо нутфаи 1 така дар 40 рӯз то 500 модабузро бордор кардан мумкин аст. Соли 1937 дар ноҳияи Ашт дар як мавсими ҷуфтикунӣ бо нутфаи такакои рақами 01 ва 04-и зоти ангорӣ 1300—1500 модабузро бордор карда буданд.

  1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 472.