Булбулик
Зоҳир
Булбулик - (таронаҳои булбулӣ), навъе аз таронаи семисрагии фолклори мардуми водии Вахон мебошад. Булбулик дар вазни ҳиҷоӣ эҷод шуда, қофиябандиаш "а,б,а" аст.
Масалан:
- Ти сәпрәγ гыли рәй(ҳ)он.
- Гыл=шә гыл=(ҳ)о царт,
- Барги гыл дйәтк хазон.
Тарҷумааш:
- Гули ту гули райҳон.
- (Он) гул зеботарин гул аст,
- (Аммо) барги гул гаштаст хазон.
Булбуликҳо тавассути нақароти дохилии «Булбулик тар номаме» ё «Булбулик тар хонуме» ба ҳам пайваст шуда, баъзан шакли сурудро мегиранд. Гӯяндаи булбуликҳо асосан, занҳову духтарон буда, дар мундариҷаи ин навъи лирикӣ бештар эҳсоси инсонӣ, дарду аламҳои занон, шикваю ҳасрат, ҷудоию аз даст додани шахси наздик тасвир гаштаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Булбулик /Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М).– Душанбе, 2015. – 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8