Jump to content

Бундестаг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бундестаг - органи намояндагии халқии Ҷумҳурии Федеролии Олмон буда, аз тарафи мардум ба муддати чор сол (мувофиқи моддаи 39 Сарқонун) интихоб карда мешавад. Пеш аз муҳлат пароканда намудани Бундестаг фа(ат дар ҳолатҳои дар моддаи 68 Сарқонун нишондодашуда аз тарафи Президенти федеролӣ иҷро карда мешавад. Ба вазифаҳои аввалиндараҷаи Бундестаг тасвиби (онунҳо, итихоби Садри Аьзами федеролӣ ва назорат аз болои фаьолияти ҳукумат дохил мешаванд. Бундестаг то давраи понздаҳумини интихоботӣ (2002) аз 656 намоянда иборат буда, 328 (50%) намояндаи он дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва 328 намояндаи дигар аз р(и р(йхатҳои ҳизбҳо интихоб мешуданд. Вале аз давраи понздаҳумини интихоботӣ инҷониб сафи намояндагон кам карда шуд. Ҳоло дар Бундестаг 603 нафар намоянда ширкат меварзанд. Бо маьлум кардани натиҷаҳои қаблии интихобот ба Бундестаг пурқувватии фрактсияҳо низ маьлум мешавад. Фрактсияҳо дар рӯзи аввали баьди гузаштани интихобот ҷамь омада, натиҷаҳои интихоботро таҳлил ва масьалаҳои ташкилиро баррасӣ мекунанд. Даьвати якуми Бундестаг барои солҳои 1949 – 1953 аз 8 фрактсия иборат буд. Вале дар даьватҳои 4 то 9 Бундестаг ҳамагӣ аз 3 фрактсия (ИХД/ ИХС, ҲСДО ва ҲОДО)1 иборат буду халос. Танҳо аз соли 1983, яьне баьд аз даьвати даҳумин боз як фрактсияи нав бо номи «сабзҳо» ба арсаи фаьолият омад. Дар айни замон дар Бундестаг чор фрақсия амал мекунад2. Ҳизби чапи ҲCД (Ҳизби Сотсиализми Демократӣ) аз сабаби кам будани аьзоёнаш фрактсияи худро ташкил карда натавонист3.

Намояндагони Бундестаг ба таври умумӣ, бевосита, озод, баробар ва дар шакли пинҳонӣ интихоб мегарданд (моддаи 38,1 Сарқонун). Онҳо намояндагони тамоми мардум буда, ба ҳеч як нишондод ва дастур тобеь нестанд ва аз рӯи виҷдон амал мекунанд.

Раиси Бундестаг аз байни аьзоёни пурнуфузтарин фрактсия интихоб гардида, ҷаласаҳои пленариро мебарад ва ба рафти регламенти парлумон назорат мекунад. Дар низоми Бундестаг ва тақсими аъзоёни он баъди интихоботҳои соли 2005 шуда гузашта баъзе тағйиротҳое ба амал омаданд, ки мо дар бораи онҳо дар қисмати «вазъи кунунии кишвар» гуфта мегузарем.

Пайвндҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Bundesrat und Bundestag Бойгонӣ шудааст 31 октябри 2006  сол.