Бунёт ибни Туғшода
Даргузашт | 782 |
---|
Бунёт ибни Туғшода ибни Қутайба (дарг. 782) — бухорхудот (775—782), писари Туғшода ибни Қутайба.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи иттилои Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро», баъди Туғшода писари вай Қутайба ба тахт нишаста, пас аз муддате мусулмон будан боз аз ислом рӯй тофт ва Абумуслим ӯро ба қатл расонд. «Баъд аз он Баййинот ибни Туғшода подшоҳи Бухоро шуд. Вай дар (даврони) ислом зода (шуда) буд (яъне, пас аз мусулмон шудани подшоҳони силсилаи Бухорхудот) ва муддате мусулмон буд. Чун Муқаннаъ падид омаду фитнаи сапедҷомагон ба рустои Бухоро зоҳир шуд ва Баййинот ба эшон майл карду эшонро ёрӣ дод, то дасти Сапедҷомагон дароз гашту ғалаба карданд, соҳиби барид ба халифа хабар фиристод. Ва халифа Маҳдӣ буд. Чун Маҳдӣ дил аз кори Муқаннаъу Сапедҷомагон фориғ кард, саворон фиристод ва Баййиноти дар Варахшӣ ба кох барнишаста… аз дур саворон дид, ки меомаданд ба таъҷил; донист ба фиросат, ки инҳо аз халифаанд. Дар тадоруки он буд, ки расиданду ҳеч сухан нагуфтанд ва шамшерҳо кашиданду сари вайро бардоштанд…».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баййинот / Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 266. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Сомониён дар оинаи таърих. Ҷ. 1. Х., 1998;
- Ғиёсов Н. Бунёт ибни Туғшода ибни Қутайба // Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Х., 2008;
- Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012.