Jump to content

Бурёбофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бурёбофӣ (порсӣ: بریابافی ) – як навъ ҳунари анъанавии мардумӣ мебошад, ки то ба имрӯз дар баъзе навоҳии кишвар боқӣ мондааст. Устои ин ҳунарро бурёбоф (ҳасирбоф) меноманд. Бурё аз поячӯби шикастаи най бофта мешавад. Поячӯби хушки найро аз найзор ба андозаи 180 см – 2 м даравида, баргҳои онро ҷудо карда, бо асбоби кордмонанд найчӯбро ба ду парра ҷудо мекунанд. Сипас онро бо кӯба кӯфта, мешикананд. Дар натиҷа пораҳои дарозрӯяи тунук ҳосил мешавад, ки онро ба тарзи панҷара мебофанд. Канораҳои бӯрёро бо миқрози махсус бурида, росткунҷа менамоянд. Андозаи бурё маъмулан 1 м ба 1,5 м, баъзан андаке калон ё хурдтар аз ин мешавад.[1][2]

Бурё дар гузашта яке аз ашёи муҳими рӯзгор буд, ки онро ба фарши хона барои нам накашидани гилем, қолину палос аз таги онҳо паҳн мекарданд. Ҳангоми бомпӯшӣ дар хонаҳои анъанавии деҳот низ бурёро истифода мебаранд. Бурёро ба болои васса тунук хобонида, аз болояш андова мекунанд, ё хок мерезанд. Дар гузашта бурёро ҳамчун гилем низ истифода мебурданд. Дар деҳаҳо ҳоло ҳам бурёро дар хонаҳои суннатӣ истифода мебаранд.[2]

  • Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
  • Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.
  • Турсунов Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана (Ткацкие промысли Ходжента и его пригородов в конце XIX – начале XX вв.). – Душанбе, 1974

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 25 - 26.
  2. 2.0 2.1 Бурёбофӣ/Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М).– Душанбе, 2015. – 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8