Бурҳониддин Раҷабов
Таърихи таваллуд: | 23 сентябр 1958 (66 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Ҷоизаҳо: |
Бурҳониддин Раҷабов (Раҷабов Бурҳониддин Ҳамроевич; зод. 23 сентябри 1958, деҳаи Саричашма, ноҳияи Шӯрообод) — ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1980) ва Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Б. Шукини шаҳри Маскавро (1977) хатм кардааст. Фаъолияташ дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Қурғонтеппа ҷараён гирифтааст, ба сифати актёр, коргардон, саркоргардон ва директори он заҳмат кашидааст. Дар бисёр спектаклҳо, чун «Модар нигарон буд», «Хирс», «Булдок», «Тӯи бедомод», «Авлиё ва осӣ», «Моҷарои обфурӯш», «Фарёди ишқ» нақш бозида, хулқу атвори қаҳрамононашро бо нозукӣ дар назари бинанда ба ҷилва овардааст. Ҳамчун коргардон «Давлати Сомониён», «Фариштаҳо», «Ҳазрати Амирҷон», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Оршин мол-олон» барин намоишномаҳоро рӯи саҳна оварда, дар ҳар яке тарафҳои тозаи маҳораташ кушода шудааст. Ба ҳайси роҳбари бадеӣ ва коргардон бисёр намоишномаю барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои ҷашниро моҳирона таҳия намудааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.