Jump to content

Бҳавабҳути

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бҳавабҳути — драманависи ҳиндӣ (асри 8). Ба забони санскрит менавишт. Аз ӯ се пйеса – «Зиндагии қаҳрамони бузург», «Зиндагии баъдии Рама» (дар асоси «Рамаяна») ва мазҳакаи моҷароии «Малатимадҳава» (воқеоти замони зиндагии муаллиф) боқӣ мондаанд. Дар асарҳои бар асоси ҳамосаи бостонӣ – «Рамаяна» навиштааш на танҳо ба ҳамоса, балки ба ривоятҳои шифоҳии халқии дар бораи Рама мавҷуда такя кардааст. Услубу тарзи баёни интихобнамудаи Б. мураккабу сунъӣ мебошад. Муҳаққиқон баъзе шеърҳои дар маҷмӯаҳо (антологияҳо)-и қадимӣ боқимондаро аз Бҳавабҳути медонанд.

  • Серебряков И. Сорок веков индийской литературы. М., 1969.