Jump to content

Бҳарат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бҳарат — унвони расмии Ҳиндустон ба забони ҳиндуӣ. Дар аҳди бостон Ҳиндустонро кишвари бҳаратҳо – «Бҳаратаварша» меномидаанд, ки дертар ҳамчун номи дуюми ин кишвар пазируфта шудааст. Баъди истилои англисҳо ба ҷойи Б. номи Ҳиндустон маъмул гардида бошад ҳам, дар Конститутсияи нахустини аҳди истиқлол ибораи «Ҳиндустон-Бҳарат» сабт шудааст. Б. ба шарафи сардори яке аз қабилаҳои Ҳинд – Бҳарата писари Маҳараҷ Ришабҳа чунин унвон гирифтааст. Истилоҳи «Бҳарат» дар забони ҳиндуии бостон маънои «тарбия ва парвариш»-ро дорад. Мувофиқи ривояти достонҳои аҳди бостони ҳиндуии «Вишну-пурана» ва «Бҳагвата-пурана» шоҳ Бҳарат аз тоҷу тахт даст кашида, зиндагии порсоёнаву гӯшанишиниро ихтиёр кардааст. Бҳаратҳо дар асри 2 ва аввали садаи I то м. дар ноҳияҳои мобайни д-ҳои Ҷамна ва Сатлеҷ ҳукмронӣ кардаанд. Қаҳрамонони достони «Маҳабҳарата» низ бҳаратҳоанд. Ин минтақа то имрӯз барои ҳиндуён кишвари муқаддас дониста мешавад. Бҳарат мутобиқи тасаввуроти анъанавии ҳиндуён тамаддуни бузурги поку беолоиши аҳди куҳан ва мероси гаронбаҳои аҷдодии шоҳони сулолаи Бҳаратҳоро таҷассум намуда, аз дастовардҳои технологияи навин ва тамаддуни ҷадиди асрҳои баъдӣ орию барканор аст.

  • Бонгард-Левин Г. М., Ильин Г. Ф. Индия в древности. М. 1985.