Jump to content

Бҳаскара II

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бҳаскара II
санскр. भास्करा चार्य[1]
Таърихи таваллуд тақрибан 1114[2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1185[2][3][4]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ алгебра
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бҳаскара II (1114—1185) — риёзидон ва мунаҷҷими асримиёнагии Ҳиндустон.

Ба расадхонаи астрономии Уддҷайна сарварӣ мекард. Муаллифи якчанд рисола оид ба алгебра, арифметика ва ситорашиносӣ. Рисолаи алгебравии Бҳаскара «Бичаганита»-ро соли 1813 Эдвард Стрэчи (аз тарҷумаи форсии он, ки соли 1634 аз санскрит ба форсӣ баргардонида шуда буд) ба англисӣ тарҷума кардааст. Рисолаи арифметикии ӯро соли 1816 дар Бомбай Ҷ. Тейлор аз санскрит ба арабӣ тарҷума намуд. Дар тарҷумаи осори Бҳаскара муваррихи илм Генри Колбрук саҳми назаррас дорад, аз ҷумла соли 1817 осори риёзии Бҳаскара ва фасли риёзии рисолаи ситорашиносии ӯ «Браҳма-спҳута-сиддҳанта» дар Лондон ба англисӣ тарҷума карда шуд. Б. муаллифи асари ситорашиносие бо номи «Сурйя-сиддҳанта» низ мебошад, ки дар инкишофи илми ҳайатшиносӣ, хусусан дар Ҳиндустон нақши бузург бозидааст. Ариабҳата ба рисолаи ситорашиносии Бҳаскара — «Сурйя-сиддҳанта» низ шарҳ навиштааст. Ба Бҳаскара яке аз аввалин лоиҳаҳои муҳаррики абадӣ мансуб аст. Б. решаҳои манфии муодилаҳоро пайдо карда буд, ҳарчанд ба қимати онҳо шубҳа дошт. Асари Бҳаскара «Лилавати» дар кишварҳои Осиё намунаи китоби таълим дар бораи техникаи ҳисоббарор буд. Он соли 1816 дар Калкатта ва минбаъд якчанд бор ба сифати китоби дарсӣ барои мактабҳои динӣ чоп шудааст.

  • Стройк Д. Я. Краткий очерк истории математики. М., 1984.
  • Bhaskara II. Bija ganita: on the algebra of the Hindus. Engl. transl. E. Strachey. London, 1813.
  1. Record #29927659 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 3.2 Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит)Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
  4. 4.0 4.1 4.2 (unspecified title)Детройт: Charles Scribner's Sons, 2008. — ISBN 978-0-684-31559-1