Jump to content

Бӯабдуллоҳи Боку

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бӯабдуллоҳи Боку

Бокуӣ (форсӣ: باکویی‎) Бӯабдуллоҳи Боку, Ибни Бокуя, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ (? — 1037, Нишопур) — яке аз машоихи мактаби ирфонии Хуросон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нисбаташ аз номи бобояш Бокуя (мансуб ба шаҳри Боку) гирифта шудааст. Ҷой ва соли таваллудаш номаълум; даврони хурдӣ ва ҷавониашро дар Шероз гузаронидааст. Дар ҷавонӣ аз Абуяҳё Бакр ибни Аҳмад ҳадис шунида, дар ҳамин давра ба ҳалқаи муридони суфии маъруф Ибни Хафиф пайваст; аз ӯ низ ҳадис шунид ва ба қавле таълимоти каломии Ашъариро низ аз ӯ омӯхт.

Б. ба кишварҳои исломӣ сафарҳои бисёр карда, шаҳрҳои зиёдеро дидааст. Маъхазҳо аз сафарҳои вай ба шаҳрҳои Қазвин, Рай, Байзо, Исфаҳон, Гундишопур, Ромҳурмуз, Тустар, Кӯфа, Басра, Бағдод, Димишқ, Рамла, Бухоро, Хуҷанд, Хуросон маълумот додаанд. Б. ба Нишопур омада, ба ҷамъи муридони Абуабдурраҳмони Сулламӣ пайваст; дар хонақоҳи ӯ сокин шуд ва пас аз даргузашти шайх халифаи ӯ гашта, иршоди муридонро ба дӯш гирифт. Б. дар Нишопур бо Абулқосими Қушайрӣ ва Абусаиди Абулхайр низ мулоқот ва суҳбатҳо доштааст. Ӯ дар ибтидо нисбат ба Абусаиди Абулхайр ва маҷлисҳои ваъзи ӯ беэътиноӣ зоҳир карда, рақсу самоъи ӯро тамоман қабул надоштааст ва онро инкор мекардааст, вале баъди мушоҳидаи каромоти шайхи мазкур тасаввуроташ дар бораи ӯ дигар гашта, ба қавли Абдурраҳмони Ҷомӣ, «дилхуш шуд ва инкори вай тамом бархост». Б. бо шайх Абулаббоси Наҳовандӣ низ муддате мусоҳиб будааст; онҳо дар мавриди тариқат бо ҳам гуфтугӯҳое доштаанд ва шайхи мазкур фазлу пешгомии ӯро эътироф кардааст. Абдуллоҳи Ансорӣ дар бораи мақоми Б. дар тасаввуф гуфтааст: «Вай пешвои ин кор буд ва аз ҳамаи улум бонасиб».

Б. дар тӯли сафарҳояш бо уламову муҳаддисон, орифону машоихон ва суфиёни бисёре вохӯрда, дар бораи аҳволу ахбори онҳо ҳикояту ривоятҳои фаровон гирдоварӣ кард. Ҳарчанд Б.-ро соҳиби таснифоти бисёр донистаанд, аз ӯ танҳо як асар дар бораи Мансури Ҳаллоҷ («Бидояту ҳоли-л-Ҳусайн ибни Мансури-л-Ҳаллоҷ ва ниҳоятуҳу») то замони мо расидааст. Ҳоҷихалифа дар «Кашфу-з-зунун ан асоми-л-кутуби ва-л-фунун» китоберо ба номи «Ахбору-л-орифин» (номи дигараш «Ҳикоёту-л-орифин») ва К. Броккелман дар «Geschichte der Arabishen Litteratur» китоби «Ҳикоёту-с-суфия»-ро аз ҷумлаи таълифоти ӯ шумурдаанд. Дар баъзе маъхазҳо девони Шайх Алӣ, машҳур ба Бобокӯҳӣ, иштибоҳан ба вай нисбат дода шудааст. Бархе тазкиранигорон, аз ҷумла Ҷунайди Шерозӣ, навиштаанд, ки Б. дар охирҳои умр ба Шероз бозгашта дар даруни ғоре мезист, аз ин рӯ, бо номи Бобокӯҳӣ маъруф гашт; ҳамон ҷо фавтид ва қабраш ҳам ҳамон ҷост, аммо бархи дигар қабри мазкурро ба шахси дигаре бо ҳамин ном нисбат додаанд.