Jump to content

Бӯрон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бӯрон — боди шадид, ки оби баҳрро ба туғён меорад ва дар хушкӣ боиси фалокату харобиҳо мегардад. Бӯрон ҳангоми гузаштани сиклони тропикӣ, ба вуҷуд омадани гирдбод (тромб, торнадо), раъду барқи маҳаллӣ мушоҳида мешавад. Дар вақти бӯрон суръати бод дар сатҳи Замин беш аз 20 м/с шуда, баъзан то 50 м/с (дар лаҳзаҳои алоҳида то 100 м/с) мерасад. Вобаста ба дараҷаи шиддати бод бӯронро баъзан тундбод (суръати бод беш аз 30 м/с) ё тӯфон (суръати бод 20-30 м/с) меноманд;

Бӯрони барфӣ, ки тавассути бод аз сатҳи замин (бӯрон) ё зарраҳои барфи муаллақ дар атмосфера. Ин намуди бӯрон, маъмулан, дар дашт ва мавзеъҳои наздидаштӣ (Русия, Қазоқистон, Украина) ба амал омада, роҳҳо аз барф пур мешаванд ва ҳаракати нақлиёту одамон қатъ мегардад.