Бӯшаҳрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бӯшаҳрӣ
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст

Бӯшаҳрӣ (Rhododendron) — гули маҳин, як ҷинси бутта, баъзан дарахти қадпасти ҳамешасабз ё хазонрез. Дар олам қариб 100 намуди Б. парвариш карда мешавад, ки аксари онҳо заҳрноканд. Бӯшаҳрӣро барои ороиш алоҳида-алоҳида ё якҷо мешинонанд. Дар ғурӯшахоки туршиаш баланд нағз месабзад. Намудҳои гуногуни Б. дар кӯҳҳои Осиёи Шарқӣ, Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Шимолӣ, Қафқоз, Сибир ва Шарқи Дур дучор меояд. Дар Тоҷикистон Бӯшаҳриро дар боғҳои ботаникӣ мепарваранд. Барги дурушти кӯтоҳдумча, гули дуҷинсаи қифшакли зард, гулобӣ ё бунафш, меваи панҷпалла, тухми майда (дарозиаш 0,5–2 мм) дорад. Аз тухму қаламча зиёд мешавад. Дар тибби халқӣ ҷӯшобаи барги баъзе намудҳои Бӯшаҳрӣ, мас., Бӯшаҳрии зарин (Rh. aureum), Бӯшаҳрии қафқозӣ (Rh. caucasicum), Бӯшаҳрии даури (Rh. dauricum)-ро барои рафъи табларза, дарди сар ва бехобӣ, ҳамчун маводди маҳви бактерияҳо ва давои пешоброн кор мефармоянд. Гули Б. сершаҳд буда, асали он хушбӯй аст. Дар таркиби баъзе анвои Бӯшаҳрии андромедотоксин (родотоксин) ёфт шудааст, ки фаъолияти ҳуҷайраҳои мағзи сарро фалаҷ месозад.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: