Бӯёӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дастгоҳи бӯёии инсон.

Шомма, қувваи буёӣ, ҳисси буёӣ (лот. olfactus) — яке аз ҳавоси панҷгонаро гӯянд, ки бӯйро ҳис мекунад. Амали мазкур тавассути аъзои шомма сурат мегирад.

Аъзои шомма дар ҳайвону инсон аз рецепторҳо (дар қисми болои холигии бинӣ ҷой гирифтаанд), торҳои асаби ҳисси ба он марбут (то 20; аз рецепторҳо ба ҷавфи ҷумҷума мераванд), пиёзаки шомма, роҳи буиш (то қишри нимкураҳои калони майна меравад) иборат аст. Ҳангоми дуру дароз ҳис кардани бӯй одам ба он одат мекунад. Зуд пай бурдани бӯй ба ҳарорат, намии ҳаво ва ҳолати системаи асаб вобаста аст. Дар натиҷаи баъзе бемориҳо (мас., зуком) ва пиронсолӣ шомма суст мешавад. Аз ҳад зиёд шудани қувваи буёиро гиперосмия ва заъфи онро гипосмия меноманд: ҳис накардани бӯй аносмия аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]