Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ваагн Хачатурян

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ваагн Хачатурян
арманӣ. Ռոբերտ Քոչարյան
аз 13 марти 2022
Пешгузашта Ален Симонян

Таваллуд 22 апрели 1959(1959-04-22)[1][2][3] (67 сол)
Ҳамсар Anahit Minasyan[d]
Фарзандон 2
Ҳизб Конгресси миллии Арманистон
Таҳсилот
Дин Armenian Apostolic Church[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Салиби бузурги ордени Легиони Фахрӣ Grand Cross of the Order of the Redeemer
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ваагн Гарникович Хачатурян (арманӣ. Ռոբերտ Սեդրակի Քոչարյան, 22 апрели соли 1959, Сисиан, Арманистон) — ходими давлатӣ ва сиёсии Арманистон. Панҷумин Президенти Арманистон аз 13 марти 2022.[4]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ваагн Гарникович Хачатурян 22 апрели соли 1959 дар Сисиан Арманистон таваллуд шудааст.
  • Соли 1976 мактаби миенаи No 118-и Ереванро бо медали тилло хатм кард.
  • Солҳои 1976-1980 дар Институти хоҷагии халқи Ереван таҳсил карда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардид.
  • Солҳои 1980-1982 дар артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.
  • Аз соли 1982 дар иттиҳодияи истеҳсолии "Разданмаш" ҳамчун иқтисоддон, сардори озмоишгоҳи тадқиқоти иқтисодӣ кор кардааст.
  • Аз соли 1989 то 1992 дар заводи "Марс" аввал сардори шӯъба, сипас муовини директори Генералӣ кор кардааст.
  • Аз соли 1988, аз оғози ҳаракати Қарабоғ, фаъолона бо фаъолияти ҷамъиятӣ-сиесӣ машғул буд.
  • Дар солҳои 1990-1995 вай вакили Шӯрои шаҳри Ереван интихоб шуд, аз 25 декабри соли 1992 то 19 феврали соли 1996 Раиси Кумитаи Иҷроияи Шӯрои шаҳри Ереван, Раиси шаҳри Ереван буд.
  • Соли 1995 вай вакили Маҷлиси Миллии Даъвати Якуми Арманистон интихоб шуд, узви комиссияи Доимии ММ оид ба масъалаҳои молиявӣ-кредитӣ, буҷетӣ ва иқтисодӣ.
  • Солҳои 1996-1998 мушовири Президенти Ҷумҳурии Арманистон буд.
  • Соли 2000 муассис ва узви Маркази рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии "Армат" буд.
  • Дар соли 2006 муассис ва узви ташаббуси ҷамъиятию сиесии "Алтернатива"буд.
  • Аз соли 2013 то феврали соли 2022 узви ҳизби "Конгресси миллии Арманистон", роҳбари Комиссияи иқтисодӣ буд.
  • Дар солҳои 2019-2021 узви озоди Шӯрои ҶДММ "Армэкономбанк"буд.
  • Аз соли 2020 номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.
  • 4 августи соли 2021 Вазири саноати баландтехнологии Ҷумщурии Арманистон таъин шуд.
  • 3 марти соли 2022 Ваагн Хачатурян дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси Миллӣ Президенти панҷуми Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуд.
  • Муаллифи мақолаҳои илмӣ, тарҷумаҳо ва нашрияҳои китобҳо оид ба иқтисод ва сиесатшиносӣ мебошад.
  • Оиладор, соҳиби 2 фарзанд ва 2 набера мебошад.