Вагон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вагони 2 ошёнаи мусофирбар (01.07.2013)

Вагон (англ. waggon — ароба) — воситаи нақлиёт, ки бо роҳи оҳан мегардад ва барои ҳамлу нақли бор ва одамон хизмат мекунад; ба таркиби қатораҳои роҳи оҳан дохил мешавад. Вагонро мувофиқан барои роҳҳои оҳани камбар ва сербар месозанд. Вагонҳои чормеҳвар, шашмеҳвар ва бисёрмеҳвар мавҷуданд. Дар роҳҳои оҳани давлатҳои муштаракулманофеъ бештар вагонҳои чормеҳвари боркаш ва мусофиркаш истифода мешаванд. Вобаста ба навъи бор вагонҳои боркашро пӯшида ва кушода (дар шакли платформа, систерна ва ғ.) месозанд. Мас., барои ҳамлу нақли борҳои зуд вайроншаванда (гӯшт, моҳӣ, мева ва ғ.), ки ҳангоми кашондани онҳо ҳарорати пасти доимӣ зарур аст, вагони изотермиро истифода мебаранд. Дар Вагонҳои мусофиркашӣ одамон, почта ва бағоч мекашонанд. Вагони мусофиркашӣ нармҷой, сахтҷой, умумӣ ва дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи 2-4-каса мешавад. Қисмҳои умумии В.: ҷиҳози гашт, кузов, рама (чавкот), ҷиҳози ядак, тормози дастию автоматӣ. Ҷиҳози гашт вагонро аз рӯйи релсҳои р. о. бурда, гашти ҳамвору бехатари онро бо суръатҳои матлуб таъмин мекунад. Чавкот асоси кузовро ташкил медиҳад ва ҳамаи вазни вагон ба он меафтад. Ҷиҳози ядак барои ба якдигар ва локомотив васл кардани вагонҳо хидмат мекунад. Тормозҳо барои танзими автоматии суръати ҳаракат ва боздории вагон ё поезд таъйин шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • История железнодорожного транспорта России, С.ПБ., 1994;
  • Кологривая И. Е. История развития железнодорожного транспорта, М., 1998;
  • Шадур Л. А. Развитие отечественного вагонного парка, М., 1988;
  • Вагоны пассажирские и грузовые. Отраслевой каталог, М., 2004.

Сарчашма[вироиш]