Jump to content

Вазир (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазир (шаҳр) — шаҳри асримиёнагии воҳаи Хоразм, ки дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Туркманистон воқеъ аст. Аз шаҳри Куҳна Урганҷ дар масофаи 60 км қарор дорад. Аз рӯйи тарҳи археологӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳристони Вазир дар ҷойи харобаҳои куҳандижи Девкескен, ки ба ёдгорҳои аҳди атиқа мансуб мебошад, бунёд шудааст. Атрофи В.-ро деворҳои устувори қалъаи қадимаи Девкескен печонида будаанд. Деворҳои мудофиавии қалъаи қадим дар садаи XVI бозсозӣ шуда, истеҳкоми мудофиавии шаҳр буданд. Аз рӯйи тарҳи умумӣ деворҳои шаҳристон росткунҷа буда, чандин бурҷ ва тиркаши ҳимоявӣ доштанд. Андаруни шаҳристон харобаҳои якчанд масҷиду мақбара боқӣ мондааст, ки онҳо шакли мураббаъ, тоқу равоқҳои ҳашттарк ва пӯшиши гунбазӣ доштанд. Масҷиду мақбараҳо бо мурури замон хароб гаштаанд. Мутобиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ, Вазир дар садаи XV аз ҷониби Мустафохони Шайбонӣ бар асари кӯчонидани сокинони шаҳри Куҳна Урганҷ бунёд шудааст. Вазир сараввал дар Хоразм ҳамчун маркази Шайбониён хидмат мекард. Соли 1464 Султон Ҳусайни Бойқаро Вазирро фатҳ намуда, ба сокинони он рухсат дод, ки ба Куҳна Урганҷ бозгарданд. Ҳангоми лашкаркашии шоҳ Исмоили I Сафавӣ дар садаи XVI сокинони Вазир муддате мустақилиро соҳиб шуданд. Дар натиҷаи набардҳои шадиди хонҳои Бухоро Убайдуллоҳхон (соли 1537) ва Абдуллоҳхони II (солҳои 1593–98) бо Шайбониён шаҳрҳои Вазир ва Ҳазорасп хароб гардиданд. Дар садаи XVII Абдулғозӣ Баҳодурхон маркази хониро ба Урганҷи Нав кӯчонд ва ниҳоят Вазир тадриҷан нуфузашро бохта, бар асари камобию дур афтодан аз шоҳроҳи тиҷоратӣ хароб гардид. Ҳангоми кофтукови бостоншиносӣ харобаҳои В. дар мавзеи қадимии Девкескен пайдо шуданд.

  • Толстов С. П. По древним дельтам Окса и Яксарта. М., 1962;
  • Бартольд В. В. Хорезм. Сочинения. Т. III. М., 1965;
  • История Хорезма. Ташкент, 1976.