Jump to content

Вазни бадани одам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазни одам — массаи тани одам, нишондоди муҳимми антропометрӣ, ки инкишофи ҷисмонӣ ва ҳолати саломатии шахсро ифода мекунад.

Вазни одамро бо роҳи баркашидан муқаррар менамоянд. Вазни одам ба колбад (ҷусса), ҷинс ва синну сол вобаста аст. Одам вазни хос дорад, вале бо вуҷуди он, барои ҳар синну сол меъёри муайяни вазн муқаррар гаштааст. Падару модарон, одатан, фақат ба вазни солҳои аввали ҳаёти кӯдак (хусусан дар ширхораҳо) эътибор дода, ба вазни кӯдакони синнашон калонтар аҳаммият намедиҳанд. Аз ин рӯ, бо меъёри вазни онҳо, ки мутахассисон (педиатрҳо, антропологҳо, физиологҳо) тартиб додаанд, шинос шудан муҳим аст.

Дар айни ҳол акселератсия низ дар мадди назар мебошад. Бинобар ин, дар ҷадвал ҳам нишондоди вазн ва ҳам нишондоди қад оварда шудааст. Нисбат ба нишондоди ҷадвал андаке кам ё зиёд будани вазни кӯдак нишонаи беморӣ нест. Дар давраи рушди босуръати кӯдак (7-8 ва 12-14-солагӣ) вазн аз меъёр зиёд мешавад. Аз меъёри муқаррарӣ 15-20 % зиёд шудани вазн аломати фарбеҳии дараҷаи якум, 20-50 % дараҷаи дуюм ва 50-100 % дараҷаи сеюм ва чорум аст. Фарбеҳӣ барои дилу рагҳо таҳмили зиёдатист. Он ба узвҳои такяву ҳаракат таъсири манфӣ мерасонад, кӯдакони фарбеҳ зуд хаста, дарди сар ва беҳол мешаванд.

Вазни одамони калонсол ба қаду қомат, синну сол ва ҳолати тандурустӣ вобаста аст. Барои муайян кардани меъёри вазни одами солим сохти бадан (ҷусса)-ро, ки се намуд (астениявӣ, нормостениявӣ ва гиперстениявӣ) мешавад, ба эътибор мегиранд. Астеникҳо лоғар буда, қафаси синаашон борику дароз ва мушакҳояшон сусту заиф аст. Нормостеникҳо қафаси синаи фарох, шонаи паҳн, мушакҳои пурқувват доранд. Гиперстеникҳо тануманд ва фарбеҳ мебошанд. Ин маълумот барои одамони 25-30-сола аст (баъди ҳар даҳсола 1 кг зам мешавад).

Аз меъёр хеле кам ё баръакс, зиёд шудани вазн хавф дорад. Мас., камии вазн мумкин оқибати ихтилоли фаъолияти узвҳои ҳозима, силсилаи асаб ё ғадудҳои усораи дохилӣ, зуҳуроти бемориҳои хавфнок ва сироятӣ бошад. Фарбеҳӣ низ ҷоиз нест. Одамони фарбеҳ бештар ба номураттабии кори дилу рагҳо, фишори баланди хун, зиқи дил ва атеросклероз гирифтор мешаванд. Зиёдии вазн умрро кӯтоҳ мекунад. Вазни одам тамоми умр тағйир меёбад. Агар сабаби зиёдии вазн пурхӯрӣ бошад (хусусан дар кӯдакон ва одамони аз 40-45-сола боло), пас, бо маслиҳати духтур истеъмоли ширинӣ, нон ва дигар ғизоҳои серангиштоб ва серравғанро кам кардан лозим аст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Овчаренко Л. М. Биоэкономика здорового образа жизни. М., 2007;
  • Максимцева Е. М. Биология, экология, здоровый образ жизни. М., 2008.