Вазни тухмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ниҳоли офтобпараст пас аз се рӯзи парвариш

Вазни тухмӣ — нишондоди андоза ва пуррагии тухмии хушк. Вазни тухмӣ бо грамм (г) ифода карда мешавад.

Вазни мутлақи тухмӣ вазни 1000 дона тухмии хушк ё вазни 1000 дона тухмие мебошад, ки ба ҳисоби моддаҳои хушк гузаронида шудааст; дар таҳқиқоти соҳаи тухмишиносӣ истифода мегардад. Вазни нисбии тухмӣ бузургиест, ки таносуби вазни тухмиро дар ҳаҷми ишғолкардаи он (бо г дар 1 см3 чен карда мешавад) ё таносуби вазни тухмиро ба вазни он дар худи ҳамон ҳаҷм (дар 4°С) ифода мекунад. Яке аз нишондодҳои асосиест, ки дар вақти бод додану ғалбер кардани тухмӣ истифода мешавад. Вазни нисбии тухмӣ гуногун аст. Мас., вазни нисбии тухмии зироати ғалладона 1,13–1,33, лӯбиёгиҳо 1,32–1,40, зироати равғандор 0,92–0,98 мебошад. Вазни нисбии тухмӣ аз ҷиҳати зичӣ, хосияти физикӣ ва таркиби кимиёӣ фарқ дорад. Вазни нисбии моддаҳои таркиби тухмӣ гуногун мебошад (оҳар 1,48–1,61, сафеда 1,24–1,26, равған тақр. 1). Барои муайян намудани бузургии вазни нисбӣ В. т.-ро ба ҳаҷме, ки он ишғол кардааст, тақсим мекунанд. Вазни 1000 дона тухмӣ нишондоди ҳаҷм ва намии тухмӣ ба ҳисоби грамм буда, дар рустаниҳои гуногун хеле фарқ мекунад. Мас., 1000 дона тухми лӯбиёиҳо тақр. 1200 г, 1000 дона тухми хашхош ҳамагӣ 0,4 г вазн дорад. Донистани вазни 1000 дона тухмӣ барои ҳисоби меъёри кишт зарур аст. Ба ченаки 1000 дона тухмӣ обу ҳаво, тадбирҳои киштукор, шароити сабзиши рустанӣ ва ғ. таъсир мерасонанд. Мас., дар вақти ба замин хобидан пояи гандум аз касалӣ (занга, фузариоз, гелминтос пориоз ва ғайра) ва ҳашарот (кашафкана, трипс, пармачӣ ва ғайра) зарар мебинад; дар ҳавои гарму хушк баргҳои он қисман хушкида, боиси ихтилоли фотосинтез, норасоии моддаҳои ғизоӣ ва пуч шудани дон мегардад. Дар натиҷа вазни 1000 дона тухмӣ кам мешавад. Бинобар ин, дар муассисаҳои тухмисанҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд ва барои кишт тухмиеро интихоб мекунанд, ки вазни 1000 донааш ба меъёр мувофиқ аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Коренев Г. В. Растениеводство с основами селекции и семеноводства. М., 1990; Ҳамон. Растениеводство. М., 1999.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]