Jump to content

Вазни ҳайвонот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазни ҳайвонот — нишондоди муҳимми рушду нумӯи чорво ва парандагон.

Вазни ҳайвонот бо грамм, килограмм ва сентнер ифода карда мешавад. Аз рӯйи тағйир ёфтани вазн оид ба меъёр ва моддаҳои ғизоии таркиби хӯроки ҳайвонот хулоса мебароранд. Бо мақсади назорат кардани рушду нумӯ ва танзими меъёри хӯрок гӯсолаву тойҳоро дар 1–6, 9, 12, 18 ва 24-моҳагӣ, хукбачаҳоро дар 1, 2, 4, 6, 9, 18 ва 24-моҳагӣ, барраҳоро дар 1, 4, 12, 18, 24-моҳагӣ бармекашанд. Чорвои калонро баҳору тирамоҳ ва чорвои парвориро ҳар моҳ ё дар вақти ба парвариш гирифтанашон баркашидан лозим аст.

Вазни ҳайвонот ду навъ – зинда ва забҳшуда (кушта) мешавад. Барои муайян кардани вазни зинда ҳайвонро, маъмулан, як шаб гурусна нигоҳ дошта, сипас бармекашанд. Вазни ҳайвони забҳшударо баъд аз пӯст кандан (бидуни каллаву поча ва рӯдаву ишкамба) муайян мекунанд. Вазни нимтаи ҳайвон якҷо бо чарбу вазни холис ном дошта, он нисбат ба вазни зинда бо фоиз ифода карда мешавад. Вазни холиси чорвои калон тақр. 50–65%, хук 70–85%, чорвои хурд 40–60%, парандаҳо 70–75% ва заргӯш 60–62% аст.

  • Менькин В. К. Кормление сельскохозяйственных животных. М., 1997;
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.