Вазъии Шерозӣ
Jump to navigation
Jump to search
Вазъии Шерозӣ |
---|
Вазъии Шерозӣ(форсӣ: وضعئ شیرازی ) — шоири тоҷик (асри 16). Бо номи Мулло Поянда низ маъруф будааст. Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» аз ӯ чун шахси таҳсилкарда, дар шеър шогирди Қозӣ Подшоҳи Шерозӣ ёд кардааст (ин шахс, аслан аз Мовароуннаҳр, аз авлоди Мавлоно Хоҷагии Косонӣ будааст). Шеърро, махсусан, ғазалро бисёр некӯ мегуфтааст. Абёти зерин аз ӯст:
- Ошиқ он аст, ки ҳаргиз дами беғам назанад,
- Ҷон ба ҳасрат диҳаду хун хураду дам назанад.
- Ҳамчу Айюб ниҳад пой ба майдонгаҳи сабр,
- Тан ба кирмон диҳаду даст ба марҳам назанад.
- Ҳар кӣ як дам зи майи ишқ чашад, бошад аз ӯ
- Пирзоле беҳ, агар бар сафи Рустам назанад.
- Кай шунидем дилеро, ки зи кайфияти ишқ
- Масту мадҳуш шуда, таъна ба олам назанад.
- Ҳамчу Вазъӣ шав, агар ошиқи содиқ бошӣ,
- Ки вай аз ишқи бутон ҷон диҳаду дам назанад.
Сарчашма[вироиш]
- Вазъии Шерозӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |