Вайл
Зоҳир
Вайл (ар. ويل ‒ вой, шӯру фиғон; сахтӣ; нестӣ, ҳалокат) — дар фарҳанги исломӣ калимаи афсӯсхонӣ; номи ҷой, водӣ, рӯд, санг, чоҳ ва ё дарвозаест дар дӯзах. Бо ин лафз дар Қуръон кофирону мушрикону мунофиқон, дурӯғдорандагони сухани Худо, рӯзи қиёмат, уқубати Парвардгор борҳо ба ҳалокат таҳдид карда шудаанд (45:7; 52:11; 77: 15, 19, 24 28, 34, 37, 40, 45, 47, 49); бар кофирон аз азоби сахт дар рӯзи қиёмат, аз оташи дӯзах афсӯс хонда шудааст (14:2; 19:37; 38:27; 51:60). Бо ин калима кампаймояндагон ва умуман ҳамаи онҳое сарзаниш шудаанд, ки ҳақро ба ҳақдор ба таври комил пардохт нанамуда, дар муомилаи доду ситад хиёнат мекунанд (83:1-‒3), ҳатто дар баровардани ҳоҷати ночизи мардум ҳам сахтӣ ва бахилӣ мекунанд. (41:6; 107: 4–7; 104:1).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ، ۱۲. تهران - عثماني محمد شفيع ديوبندي. تفسير معارف القرآن. جلدهاي ۱۵
- ۱۳۸۹ ش.؛ دهخدا علی اکبر. لغتنامۀ دهخدا. جلد ۱۵. تهران، ۱۳۷۷ ش.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вайл / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.