Jump to content

Вайсии Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вайсии Ҳиравӣ

Вайсии Ҳиравӣ (форсӣ: ویسی هروی‎; ? — қарни XVI) — шоир, котиб ва хаттоти форс-тоҷик.

ЗИндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишу ҳунарро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Тибқи иттилои Фахрии Ҳиравӣ, шоири соҳибистеъдоду нуктасанҷ будааст. Девон доштааст. Хаттоти моҳир низ будааст. Китобати нусхаҳое аз «Нафаҳоту-л-унс»-и Ҷомӣ [1566, Макка (маҳфуз дар Осорхонаи Ҳирот)] ва «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисорӣ [1575 (маҳфуз дар китобхонаи Берлин)] ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Ин ғазал аз ӯст:

То ба сар шохи гул он чобуки раъно задааст,
Хор дар пойи дили ошиқи шайдо задааст!
Туӣ он турфа ғизоле, ки ҳама оҳуи Чин
Сар зи савдои ду чашми ту ба саҳро задааст!
Дар шаби ҳаҷри рухат, ай маҳи хуршедҷабин,
Мавҷи тӯфони сиришкам ба Сурайё задааст!
Сокини майкадаи дайри муғонам, чӣ кунам,
Чун раҳи зуҳди маро он бути раъно задааст?!
Лолаҳо нест шукуфта ба сари турбати ман,
Оташи ишқи ту дар сина аламҳо задааст!
Аз дами Хизру Масеҳо шудаам мустағнӣ,
То сар аз оби ҳаётат хати хазро задааст!
Бе гули оташи рухсори ту, ай лолаизор,
Доғи ҳасрат ба дили Вайсии савдо задааст!