Jump to content

Ваколати истисноӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваколати истисноӣ — тибқи қонун ба мақомоти намояндагии олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад. Ба иҷрои ин гуна ваколат худи мақомоти дахлдори дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншуда масъул мебошад. Масалан, Ваколати таъйини раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон В.-и хосси Маҷлиси намояндагон мебошад. Тағйири Ваколати истисноӣ бо роҳи дохил кардани тағйирот ва илова ба Конститутсия ё қонуни дахлдор сурат мегирад.

  • Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон». Д., 2001;
  • Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ». Д., 2004; Имомов А. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2007;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот». Д., 2009