Ваколати муштарак
Зоҳир
Ваколати муштарак. Мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти давлатӣ Ваколати муштарак дошта метавонанд. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Ваколати муштарак ваколате мебошад, ки барои иҷрои он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз як тараф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор, аз тарафи дигар, масъулияти муштарак доранд. Ваколати муштарак ҳамчунин дар асоси шартномаи байни мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ пайдо мегардад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон». Д., 2001;
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ». Д., 2004; Имомов А. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2007;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот». Д., 2009
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваколат // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.