Ваколат (фиқҳ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваколат — дар фиқҳ як навъи муомила ва ақдест, ки дар шакли ҷойнишин ё ноиб гирифтан бо мақсади тасарруф дар кор ё чизи муайяне баста мешавад. Ба раво будани Ваколат қавли Худованд, феъли Пайғамбар (с) ва иҷмоъи уммат далолат мекунанд. Оятҳои қуръонии шомили мазмуни якеро аз миёни худ ба шаҳр фиристодани асҳоби каҳф (Каҳф, 19) ва супориши фиристодани доваре аз ҷониби зан ва доваре аз ҷониби шавҳар (Нисо, 35) далели машрӯияти Ваколат ба шумор мераванд. Тибқи ривоятҳо, Пайғамбар (с) Ҳаким ибни Ҳизомро дар харидани чорвои қурбонӣ, Урва ибни Абулҷаъди Бориқиро дар харидани гӯсфанд, мавлои худ Абурофеъро дар тазвиҷ (ҳамсар гирифтан)и Маймуна ва Амр ибн Умайяи Замриро дар тазвиҷи Уммиҳабиба вакил карда буд. Сарфи назар аз саҳеҳ будан ё набудани санади ҳадисҳои мазкур, ҳамаи имомони мазҳабҳо бидуни ихтилоф бар машрӯият ва ҷоиз будани Ваколат иҷмоъ кардаанд. Ҷумҳур (аксар)-и фақеҳон аркони Ваколатро аз таъбир (иҷоб ва қабул), ҷонибҳои ақд (муваккил ва вакил) ва маҳалли ақд иборат донистаанд. Аз нигоҳи уламои мазҳаби ҳанафӣ маҳз иҷоб ва қабул рукни Ваколат ба шумор рафта, вуҷуди он ногузир вуҷуди рукнҳои дигарро лозим мегардонад. Иҷоб ва қабул баёну ифода ва изҳори ризои тарафайн мебошад. Иҷоб, ки қавли далолаткунанда бар Ваколат аст, аз ҷониби муваккил мебошад ва қабул аз ҷониби вакил ё баръакс. Қабул метавонад лафзӣ ё амалӣ бошад, ба ин маъно, ки муваккил ба вакил бигӯяд: «Фалон моли маро бифурӯш!» ва вакил бе гуфтани сухане он молро бифурӯшад. Муваккил ё вакилкунанда шахсест, ки дигареро ба ҷои худ ноиб мекунад; муваккал ё вакил шахси ноиб дар тасарруф ё молики тасарруф таъйиншуда мебошад. Шахси маълуму муайян будани вакил ва огоҳии ӯ аз вакил гардонида шуданаш аз ҷумлаи шартҳои дурустии В. аст. Дар амалҳое, ки тибқи фармудаи шариат онҳоро худи инсон бояд шахсан анҷом диҳад, аз қабили ибодатҳои баданӣ (чун таҳорат, намоз, рӯза), савганд ёд кардан, гувоҳӣ додан Ваколат раво набуда, балки он дар корҳое ҷоиз аст, ки иҷрои онҳо аз ҷониби худи шахс ҳатмӣ нест, ба мисли ибодатҳои молӣ (чун закот, садақа, каффорат), идораи ам- вол, хариду фурӯш, гирифтани маблағи арзиши мол, қабул ва пардохти қарз, гарав, даъво, сулҳ, ҳавола, орият, ҳадя, садақа, ақди никоҳ, талоқ ва ғ. Ҳар кадом аз ду тарафи ақди Ваколат метавонад онро бекор кунад. Муваккил ҳангоми бекор кардани ақди Ваколат, яъне барканор кардани вакил, бояд ӯро огоҳ созад. Бинобар ин, агар вакил пеш аз эъломи барканор карда шуданаш тибқи Ваколат дар моли муваккил тасарруфе намояд, он тасарруф дуруст аст. Ваколат бо марг, девонашавии яке аз ду тараф, боздошт аз тасарруф ва баъзе мавридҳои алоҳидаи дигар ботил мегардад. Аз ҷумлаи шартҳои аҳлият барои Ваколат ҳаёт, булуғ ва ақл мебошанд. Дар Ваколат ислом шарт нест. Чунончи, агар нафаре аз аҳли зимма мусулмонеро вакил намояд, чунин Ваколат аз нигоҳи шариат равост ва дуруст мешавад. Дар ҳолати дар асоси қонун маҳҷур (аз тасарруф дар амволи худ манъ) карда шудани муваккил, Ваколати вакил анҷом меёбад. Ҳамчунин агар Ваколати дар амри муайяне бошад ва он амр аз байн равад, аз мулки муваккил хориҷ гардад ё талаф ёбад, Ваколат ба поён мерасад. Дар сурати аз ҷониби худи муваккил анҷом дода шудани амале, ки ӯ барои иҷрои он дигареро вакил кардааст, Ваколат аз эътибор соқит мегардад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

الموسوعة الفقهية، الجزء ۴۵. الكويت، ۲۰۰۶ ؛ عبد الرحمن الججزيرى. الفقه على; المذاهب الاربعة. سيدا– بيروت، ۲۰۰۷ ؛ السيد السابق. فقه السنة. سيدا– بيروت، ۲۰۰۷ ؛ دائرة المعارف فارسي. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۷ ش.؛ عبدالله هنری. احسن الهداية فارسي شرح هداية. حصه ۴. بشاور، بدون سنة.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]