Валентина Виборнова
Таърихи таваллуд | 27 январ 1927 (97 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа[d] (1982) |
Валентина Василевна Виборнова (русӣ: Валентина Васильевна Выборнова; зод. 27 январи 1927, вилояти Рязан) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1982), профессор (1986).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав (1951). Муаллими таърихи Техникуми осиёимиёнагии шаҳри Чкаловски вилояти Ленинобод (1951—1958), ходими хурди илмӣ (1958—1959), аспирант (1959—1962), ходими калони илмӣ (1962—1967), мудири сектори таҳқиқоти сотсиологии Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1967—1987), сарходими илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987—1993) буд. Аз соли 1993 дар шаҳри Маскав зиндагӣ ва фаъолият мекунад.
Доир ба масъалаҳои назарияи илмӣ, материализми таърихӣ ва сотсиология таҳқиқот анҷом додааст. Мавзӯи асосии таҳқиқоти В. таҳлили ҷиҳатҳои назарӣ ва амалии меҳнат дар ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Муаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Коллективизм ва ёрии рафиқона байни ҳамдигар: як кас барои ҳама, ҳама барои як кас. Д., 1965;
- Шаклҳои нави иштироки омма дар идоракунии истеҳсолот. Д., 1967 (ҳаммуаллиф);
- Меҳнат — омили ҳаёт. Д., 1975; Услуби роҳбар. Д., 1977;
- Масъалаҳои назарии инкишофи меҳнати сотсиалистӣ. Д., 1981.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Виборнова Валентина Василевна / Ш. Шоисматуллоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.