Валентин Вологдин
Валентин Вологдин | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 10 (22) март 1881[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 23 апрел 1953[2] (72 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | Электротехника[3], Радиотехника[3] ва high-frequency technology[d][3] |
| Ҷойҳои кор |
|
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d][1] |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
Валентин Петрович Вологди́н (10 марти 1881, вилояти Перм — 23 апрели 1953, Ленинград) — олими шӯравӣ дар соҳаи техникаи баландбасомад. Узви вобастаи АИ ИҶШС (1939), Ходими шоистаи илм ва техникаи Федератсияи Русия (1942).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишкадаи технологии Петербург (1907). Аз соли 1923 профессор Донишгоҳи Нижегород. Аз соли 1923 директори Трести заводҳои ҷараёни паст. Аз соли 1947 роҳбари Институти таҳқиқоти илмии истифодаи саноатии ҷараёнҳои баландбасомад дар шаҳри Ленинград. Соли 1918 Валентин Вологдин яке аз асосгузорони радиоозмоишгоҳ (радиолаборатория)-и Нижегород буд, ки дар он генераторҳои пуриқтидори ҷараёни баландбасомади ихтироъкардаи ӯ сохта шудаанд. Валентин Вологдин аввалин дар ҷаҳон табдилдиҳандаи ҷараёни баландволти симобиро сохта (соли 1919 – табдилдиҳандаҳои шишагии катодашон моеъ ва соли 1930 – табдилдиҳандаҳои пуриқтидори филиззӣ), назарияи кор ва тарҳи васлкунии онҳоро пешниҳод кард. Соли 1930 бо роҳбарии Валентин Вологдин технологияи кафшери босуръат бо истифода аз ҷараёни баландбасомад, соли 1935 усули обутобдиҳии сатҳии пӯлод ихтироъ карда шуд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1943, 1952). Бо ордени Ленин ва медали тилои ба номи А. С. Попов сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.) — СПб.: Гуманистика. — Т. 4. — С. 299.
- 1 2 Вологдин Валентин Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- 1 2 3 База данных Национальной библиотеки Чешской Республики
- 1 2 3 Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.) — СПб.: Гуманистика. — Т. 4. — С. 300.
- 1 2 3 Мелуа А. И. Академия наук. Биографии. 1724—2019, Academy of Sciences. Biographies. 1724—2019 (рус.) — СПб.: Гуманистика. — Т. 4. — С. 301.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вологдин Валентин Петрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.