Jump to content

Валии Даштибаёзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Валии Даштибаёзӣ
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: шоир

Мирзо Муҳаммадвалии Даштибаёзӣ (? — 1591, Дашти Баёз, Қоин) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳашро аз он сабаб «Дашти Баёз» меномидаанд, ки хоки сафед доштааст. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо Валии Даштибаёзӣ аз шоирони маъруфи замонаш ба шумор рафта, бо шоирони машҳури он давр Майлӣ Муҳаммадқулӣ, Ваҳшии Бофқӣ, Муҳташами Кошонӣ мушоира мекардааст. Дар Сиистон, сипас Қаз­вин муддате зиндагӣ карда, дар маҳфилҳои адабии ин шаҳр­ҳо низ шеърҳои ӯ мақбули аҳли адаб будаанд. Бо фармони Тимхон — яке аз хонҳои ӯзбакия ба гуноҳи ро­физӣ будан ба қатл расидаст. Тазкиранигорон ӯро шоири «камгӯи нағзгӯ» ва «дар ғазалсароӣ табъаш матину шеъраш намакин» гуфтаанд, ки инро намунаҳои дастраси ашъораш собит мекунад. Девонаш дар ҳудуди ду ҳазор байт будааст.

Намунаҳо аз ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хуш он, ки бо ту диҳам шарҳ мушкили худро,
Ба гиря афтаму холӣ кунам дили худро.


Ман бехабару дар пайи дил ишвагаре ҳаст,
Дил бе тапише нест, ҳарифон, хабаре ҳаст?!

Умрест, ки ҷуз кӯйи бало маскани ман нест,
Дасти ситаме нест, ки дар домани ман нест.
Аз дӯстият баҳраам ин аст, ки дар шаҳр
Як дӯст надорам, ки ба ҷон душмани ман нест.
Беҳуда азоби дили ман карду надонист,
К-он ҷон, ки аҷал металабад, дар тани ман нест.

Валии Даштибаёзӣ дар рубоисароӣ ҳам мумтоз будааст. Рубоии зер намунае аз сурудаҳои Валии Даштибаёзӣ мебошад:

Васли ту ба коми ғайр дидан мушкил
В-аз дидани ту тамаъ буридан мушкил.
Гуфтӣ, ки «Бимир, то ба васлам бирасӣ»,
Мурдан осон, вале расидан мушкил!

  • Валии Даштибаёзӣ / А. Афсаҳзод, А. Раҳмонфар // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
  • Афсаҳзод А. Валии Даштибаёзӣ // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1988.