Варзишгоҳи марказии Кӯлоб
Зоҳир
Номи пурра | Варзишгоҳи марказии Кӯлоб |
---|---|
Номи аслӣ | Варзишгоҳи марказии Кӯлоб |
Мавқеъ | Тоҷикистон, Кӯлоб |
Бунёд | 1966 |
Санаи ифтитоҳ | 1966 |
Зарфият | 20 000 |
Дастаи асосӣ | «Равшан» |
Андозаҳои майдон | 112х72 |
Варзишгоҳи марказии Кӯлоб[1] — варзишгоҳи бисёрсоҳавӣ дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон, ки дар вилояти Хатлони кишвар ҷойгир аст. Бошгоҳи футболи «Равшан» бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳ баргузор мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Варзишгоҳ соли 1966 бо супориши КМ Партияи Коммунистии ҶШС Точикистон барои гузарондани бозиҳои хонагии даста як сол пеш аз таъсиси даста сохта шудааст. Вакқте ки варзишгоҳ сохта шуд, онро варзишгоҳи «Пахтакор» меномиданд, баъдтар номаш иваз карда шуд.
Варзишгоҳ 20 ҳазор тамошобинро ҷой мекунад[2] ва дар варзишгоҳ ғайр аз вохӯриҳои футбол боз аз рӯи дигар намудҳои варзиш мусобиқаҳо низ барпо мегарданд. Дар варзишгоҳ инчунин идҳои асосии шаҳру мамлакат барпо мегарданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маълумот оиди варзишгоҳ Бойгонӣ шудааст 26 марти 2013 сол.