Jump to content

Василий Василевич Андреев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Василий Василевич Андреев
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 1861(1861)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1918(1918)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) мутриб
Соз Балалайка
Сабк мусиқии бумӣ[d] ва Russian folk music[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Василий Василевич Андреев (1861-1918) — мутриби рус, балалайканавози мумтоз.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Андреев аз хурдӣ ба навохтани ин соз шавқи зиёд дошт ва тамоми умр маҳораташро сайқал додааст. Дар солҳои 1886-1887 Андреев аввалин оркестри созҳои халқии русиро таъсис медиҳад. С. 1888 бо роҳбарии ӯ дар Петербург барномаи «Маҳфили дӯстдорони навозиш дар балалайка» ташкил карда мешавад. Баъди як сол ансамбл дар намоиши байналмилалӣ дар Париж бо муваффақият ҳунарнамоӣ кард. Дертар «Оркестри великорусӣ» дар Олмон, Англия, Амрико барномаҳои консертӣ барпо намуда, сурудҳои халқии русӣ, асарҳои классикони рус ва хориҷӣ, ҳамчунин пиесаҳои консертии Андреевро иҷро карданд. Дар пайравии ин оркестр дар Русия бисёр ансамблҳои зиёде таъсис дода шудаанд. Оркестри созҳои халқии русии Радио ва телевизиони Ленинград (ҳоз. Санкт-Петербург) ба номи Андреев мебошад.[3]

  1. Э., Риман Г. Андреев, Василий Васильевич (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 1. — С. 39.
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #118847511 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.24-25. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)