Василий Владимиров
русӣ: Василий Сергеевич Владимиров | |
Таърихи таваллуд | 9 январ 1923[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 ноябр 2012[2] (89 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | назарияи ададҳо[d], function theory[d], mathematical physics[d] ва theory of differential equations[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Боголюбов, Николай Николаевич |
Шогирдон | Igor Volovich[d] |
Ҷоизаҳо |
Владимиров Василий Сергеевич (9 январи 1923, деҳаи Дяглевои губернияи Петроградский, Русия ‒ 3 ноябри 2012, Одинсово, вилояти Маскав) — риёзидони рус, академики АИ ИҶШС (1970), АИ Русия (1991), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1983), доктори илмҳои физика ва математика (1959).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Университети Ленинград (1948). Иштирокчии ҶБВ. Аз соли 1948 дар Институти математикаи ба номи В. А. Стеклови АИ Русия кор кардааст. Василий Владимиров, асосан, дар соҳаи муодилаҳо ва моделҳои физикаи математикӣ, функсияҳои умумиятдодашуда, функсияҳои комплексии бисёртағйирёбанда, назарияи тауберии бисёрчена, назарияи ададҳо, усулҳои ададӣ, назарияи квантии майдон тахқиқот анҷом додааст. Ҳамроҳ бо Н. Н. Боголюбов (1958-71) бо таҳқиқоте марбут ба сарҳадди назарияи функсияҳои комплексии бисёртағйирёбанда ва назарияи функсияҳои умумиятдодашуда (ба истилоҳ «теорема дар бораи тезии фона») машғул буд. Теоремаи Боголюбов — Владимиров дар бораи ковариантнокии функсияҳои голоморфӣ, ки аксиомаҳои назарияи квантии майдонро қонеъ мекунад, машҳур аст. Теоремаи тауберии Харди-Литлвудро барои ҳолати бисёрчена умумият дода (1976), назарияи таубериро дар назарияи квантии аксиоматикӣ татбиқ кард.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти давлатии ИҶШС (1987). Бо 2 ордени Ленин (1975, 1983) ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Методы теории функций многих комплексных переменных. М., 1964;
- Обобщенные функции в математической физике. М., 1979;
- Уравнения математической физики. М., 1988.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Владимиров Василий Сергеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 2.8 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ https://doi.org/10.1070/RM2013v068n01ABEH004824 — С. 181.
- ↑ https://cs.msu.ru/persons/vladimirov-v-s
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- В. С. Владимиров. М., 1987.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 январ
- Зодагони соли 1923
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 3 ноябр
- Даргузаштагони соли 2012
- Даргузаштагони Русия
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо